Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон барои таъмин сохтани пешрафти муттасили мамлакат ва фаровонҳолии халқ, бунёд кардани давлати одилу замонавӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид барои аҳолӣ, дар сиёсати хориҷӣ пурзӯр кардани дипломатияи иқтисодӣ ба сифати самтҳои муҳим муайян карда шудаанд.
Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон барои таъмин сохтани пешрафти муттасили мамлакат ва фаровонҳолии халқ, бунёд кардани давлати одилу замонавӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид барои аҳолӣ, дар сиёсати хориҷӣ пурзӯр кардани дипломатияи иқтисодӣ ба сифати самтҳои муҳим муайян карда шудаанд. Агар низоми идораи одилона ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон хидмат кунад, муҳити хуб барои беҳтар гардидани ҳаёти онҳо муҳим мебошад. Ғайр аз ин аз тариқи пурзӯр кардани дипломатияи иқтисодӣ обрӯйи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ мустаҳкам мегардад, ҳамчунин барои рушди давлат имкониятҳои нав ба миён меоянд. Ҳизб баробари эътироф намудани робитаи тарафайни ин самтҳо ба халқ хидмат карданро вазифаи устувор медонад ва ба пойдории мамлакат, ҳамчунин комёбиҳои он дар соҳати байналхалқӣ аҳамияти зиёд медиҳад.
Давлати одил ва замонавиеро, ки ба халқ хидмат хоҳад кард, бунёд менамоем
Такмил додани низоми идораи давлат ва ҷамъият, ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ, устувории қонун ва таъмин сохтани суди одил, қатъиян идома додани ислоҳоте, ки бобати ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон татбиқ мегарданд, тақозои замон ба шумор меравад.
Пеш аз ҳама, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд ба самти асоситарин фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ табдил ёбад, ба ин тамоюл қатъиян амал кардан вазифаи асосии мо хоҳад шуд.
Мо барои таъмин сохтани шаффофияти хароҷоти ташкилоти буҷавӣ ҷонибдори пурзӯр кардани ҳисоботдиҳии мақомоти иҷроия дар назди парлумон ва Шӯроҳои маҳаллӣ мебошем. Мо низомеро, ки ба овози воқеӣ бадал гардидани Шӯроҳои маҳаллӣ ва ҳисоботдиҳии ҳокимонро дар назди Шӯро таъмин мекунад, масъулият ва ҷавобгарии онҳоро меафзояд, мустаҳкам мекунем.
Ҳизби мо дар панҷсолаи минбаъда дар пояи таҳлили қонунмандӣ, истифодаи амалиёти ҳуқуқ, ҳамчунин дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ такмил додани қонунгузории оид ба созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, барои фаровонҳолии аҳолиро таъмин сохтан ба «пул»-и байни ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ табдил додани маҳалла эътибори махсус медиҳад. Ғайр аз ин мо ба мақсади беш аз пеш беҳтар намудани ҳаёти аҳолӣ масъалаҳои 3 баробар зиёд кардани маблағҳоеро, ки ба «Буҷаи ташаббуснок» ҷудо карда мешаванд, пеш мегузорем.
Мо мехоҳем, ки дар Ӯзбекистони Нав танҳо қонун ва суд ҳимоятгари шаҳрвандон ва тиҷорат бошанд. Мо аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор назорати самарабахши ҷамъиятиро ба роҳ монда, барои ба суди одил муваффақ шудан тамоми имкониятҳоро сафарбар менамоем.
ӮзЛиДеП ба сифати нерӯи сиёсие, ки ҷонибдори мустақилии судҳо мебошад, ислоҳоти муттасилеро, ки дар мамлакат бинобар ин соҳа амалӣ мешаванд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Вале пешниҳодҳое, ки аз ҷониби баъзе ҳизбҳо бинобар ин самт пеш гузошта мешаванд, метавонанд садди роҳи расидан ба ин мақсадҳо шаванд. Чунончи, ташаббуси ротатсияи раисони судҳои вилоят, ноҳия (шаҳр), ки аз ҷониби Ҳизби халқиву демократӣ пешниҳод мегардад, метавонад ба мустақилии суд таъсири бевосита расонад. Яъне дар мамлакати мо нафақат суд, балки судяҳо ҳам мустақил мебошанд. Ба амал ҷорӣ намудани ротатсияи онҳо ба мустақилии судяҳо, ки дар таҳрири нави Сарқонуни мо танҳо ба меъёрҳои Сарқонун ва қонунҳо итоат кардан сабт шудааст, мантиқан дуруст намеояд. Дар ҳоле, ки судя мустақил аст, аз ротатсия кардани раисони судҳои вилоят, ноҳия (шаҳр) чӣ маънӣ бармеояд? Онҳо танҳо ба Сарқонун ва қонун итоат мекунанд.
Мо бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ҳангоми истифодаи қонунгузорӣ ҳуҷҷати судиеро, ки бинобар парвандаи муайяни судӣ бароварда шудааст, ҷорӣ намудани «ҳуқуқи преседенти судӣ»-ро, ки барои истифодаи навъи дигари он имкон медиҳад, айни муддао мешуморем.
Агар мо ба зинаи нав бардоштани низоми суду ҳуқуқи мамлакатамонро хоҳем, бояд истифода аз претседанти судиро ҳарчи зудтар ба роҳ монем. Зеро замони он фаро расидааст.
Баробари ин дар пояи хоҳиши ҷабрдида пеш аз оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ истифодаи чораҳои оштиро меҷӯем. Бо ин восита мо ба гирифтани пеши роҳи муддати мадид давом кардани ҷараёни ҷиноят муваффақ мешавем.
Барои минбаъд ба роҳи дуруст афтодани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, мо васеъ кардани чораҳои ҷазои муқобил ва дигар таъсиррасонии ҳуқуқиро хеле муҳим меҳисобем.
Бинобар ҷиноятҳои иқтисодӣ имконияти истифодаи васеъ аз чораҳои эҳтиётии гаравгонӣ фароҳам оварда мешавад. Бинобар ин масъала имконияти муроҷиати айбдоршаванда ё худ ҳимоятгар барои дигар кардани чораҳои эҳтиётӣ аз ҷониби суд васеъ карда мешаванд.
Мо аз тариқи ҷорӣ намудани меъёрҳои мулоқоти ходимони корҳои дохилӣ ва мақомоти гвардияи миллӣ бо шаҳрвандон дар назди чашми халқ онҳоро воқеан ба ҳимоятгарони ҳақиқӣ табдил медиҳем.
Дар тамоми соҳаҳо талаботи кор карданро мувофиқи маълумот оид ба шахс пурқувват мекунем. Мақсади ниҳоии мо таъмин сохтани дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ҳифзи мулк ва маблағи онҳо аз фиребгарон, ба хусус аз киберҷинояткорон аст, ки торафт қувват мегиранд.
Боз як вазифаи ҷиддӣ ин аз ҷониби Палатаи адвокатҳо такмил додани фаъолияти таъмин сохтани ҳифзи адвокатҳо, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо ба шумор меравад. Аз тариқи ҷорӣ намудани рейтинги адвокатҳо дар низоми адвокатӣ муҳити рақобат инкишоф меёбад, салоҳияти адвокатҳо зиёд мегардад.
Ҳизби мо таклифи таҷдиди назар кардани бисёр меъёрҳоеро, ки ба пешбурди тиҷорат халал мерасонанд, пеш мегузорад.
Боз як вазифаи муҳиме, ки дар назди ҳизби мо истодааст, ин аз муттасил идома додани сиёсати ошкорбаёнӣ, ҳамчунин аз вусъат додани мулоқот бо халқ иборат аст. Мо дар ин бобат фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммавӣ, ҳуқуқи хабардории шаҳрвандон, истифода ва паҳн кардани онро қатъиян кафолат медиҳем. Ба ҳама гуна саъю кӯшишҳое, ки бар муқобили озодии сухан мебароянд, мубориза мебарем, инкишоф додани низоми матбуоти мустақили ғайридавлатиро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Ҳизб ташаббусҳои муҳими вобаста ба мубориза бар муқобили тамаъгариро низ пеш мегузорад. Яъне мо барои зиёд кардани самаранокии низоми бартараф сохтани омилҳои тамаъгарӣ, дар ҷамъият муносибати муросонопазир нисбат ба тамаъгариро ташаккул дода, ин корро муттасил идома медиҳем. Чораҳои ба зинаи нав бардоштани сиёсати давлатиро дар мубориза ба муқобили тамаъгарӣ меандешем. Стратегияи миллии мубориза бар муқобили тамаъгариро, ки то ба соли 2030-юм пешбинӣ шудааст, қабул мекунем.
Ба аҳолӣ шароити муҳити мусоидро фароҳам меоварем
Дар Сарқонуни мо оид ба қоидаҳои асосии стратегияи тараққиёти экологии Ӯзбекистон, талаботи доир ба он мушаххас шудан, ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ барои дар мамлакат ҳифз намудани муҳити атроф ва бинобар истифодаи захираҳои табиӣ он қоидаҳои муҳимтарину асосиро мушаххас менамояд.
Ба хусус, дар миқёси мамлакат дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар кишвар 1 миллиард бех ниҳол шинонда, дар 2 миллион гектар замини қаъри хушкидаи баҳри Арал бешазор бунёд гардидааст.
Дар кишварамон тӯли шаш соли охир майдонҳое, ки дар онҳо технологияҳои сарфакунандаи об гузошта шудаанд, аз 700 ҳазор гектар зиёд гардид. Дар Ӯзбекистон бобати ба «иқтисодиёти сабз» гузаштан низ қадамҳои муҳим гузошта шуданд.
ӮзЛиДеП ин ислоҳоти оғозшударо пурра дастгирӣ мекунад ва дар панҷ соли оянда масъалаҳои зеринро самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии худ муайян кардааст.
Дар ин бобат ба мақсади аз захираҳои об оқилона истифода бурдан дар хоҷагии об ҷорӣ кардани шарикии давлативу хусусӣ ва аутсорсинг зарур аст. Зеро мушкилоти захираҳои об дар даҳсолаҳои оянда барои минтақа ва кишвари мо аз ҷумлаи масъалаҳои рӯзмарра боқӣ мемонанд.
Ҳоли ҳозир 70 фоизи заминҳо бо усули куҳна обёрӣ мешаванд, бинобар он, ки 60 фоизи рӯдхонаҳо бетонхобонӣ нашудаанд, соле 16 миллиард метри мукааб об беҳуда харҷ мегардад. Бинобар ҳамин ҳам дар тӯли панҷ сол барои фермерон ва деҳқононе, ки дар киштзорҳояшон технологияҳои сарфакунандаи обро ҷорӣ мекунанд, пардохти 50 фоизи хароҷоташон айни муддао хоҳад буд.
Мо дар соҳаи экология бо дарназардошти тақозои замон такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро зарур меҳисобем ва дар тамоми ҳудудҳо барои беҳтар намудани ҳавои муҳит қабул кардани «Барномаи миллии ҳавои тоза – 2030»-ро вазифаи аввалиндараҷа меҳисобем.
Ба минтақаи Наздиарал эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар қаъри хушкидаи баҳр барилова барпо кардани 500 ҳазор гектар замини сабз ва ҳаҷми умумии онро ба 2,5 миллион гектар, ё худ ба 78 фоиз мерасонем.
Мо аз тариқи васеъ кардани ҳаҷми «иқтисодиёти сабз» ва пешрафти «сабз» таъмин сохтани тараққиёти муттасилро имконпазир меҳисобем. Дар ҷумҳурӣ манбаи энергияи такрориро 2,5 баробар зиёд карда, саҳми онҳоро дар энергияи истеҳсолшуда ба 40 фоиз мерасонем. Истифодаи технологияҳои «сабз»-ро васеъ мекунем, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамоем, дар истеҳсолот истифода аз технологияҳои пӯшидаро инкишоф медиҳем.
Дипломатияи иқтисодӣ гарави сиёсати хориҷии ошкоро, барои тарафайн муфид ва конструктив аст
Дар мамлакат таҳти роҳбарии сарвари давлат дар тамоми соҳаҳо бо давлатҳои дуру наздик робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои тарафайн сол аз сол мустаҳкамтар мешаванд.
Ҳизби мо бар он аст, ки сиёсати хориҷии Ӯзбекистони Нав бояд танҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллии халқамон амалӣ шавад, ин мавқеи қатъии ҳизб аст.
Мо ҷонибдори онем, ки робита ва ҳамкориҳоямон бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналхалқӣ дар пояи ана ҳамин тамоюл инкишоф ёбанд.
Мо ҳайрхоҳи сиёсати хориҷии ошкоро, прагматик ва фаъол мебошем.
Ҳизб дар сиёсати хориҷӣ барои беш аз пеш инкишоф додани муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ бо давлатҳои ҳамсоя аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Ҳизби мо пешбурди ташаббусҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва маданиву гуманитарии мамлакатамонро дар соҳати байналхалқӣ фаъолона дастгирӣ мекунад, дар Осиёи Марказӣ самтҳои гуногун, ба хусус, истифодаи оқилона аз захираҳои об, сифатан ба дараҷаи нав бардоштани ҳамкориҳои амалӣ дар бораи инкишоф додани гузаргоҳҳои нақлиётӣ, мустаҳкам намудани алоқаҳои амалиро дар шаклҳои нав бо ҳамкорони стратегӣ фаъолона дастгирӣ менамояд.
Баробари ин бо ҳамкорони анъанавӣ беш аз пеш инкишоф додани муносибатҳо, ба васеъ намудани ҷуғрофияи робитаҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, пурзӯр намудани дипломатияи иқтисодӣ низ барои мо аз соҳаҳои муҳим ба шумор меравад.
Инкишоф додани корҳо бобати ба ҷомеаи васеъ расондани ташаббусҳои байналхалқии Ӯзбекистон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳизб боқӣ хоҳад монд.
Дар Барномаи пешазинтихоботии ӮзЛиДеП ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо ҳамватанони хориҷӣ ва таъмин сохтани ҳуқуқи муҳоҷирон низ эътибор дода шудааст. Мо, ба хусус ҳамватанони хориҷии худро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои дар тараққиёти кишварамон фаъол иштирок кардани онҳо шароитҳои заруриро фароҳам меоварем. Дар байни онҳо бинобар тарғибу ташвиқи забони модарӣ, маданият ва анъанаҳои миллӣ чораҳои мунтазам меандешем.
Ба ҳамватаноне, ки ба вазъи мураккаб афтодаанд, низоми хидматрасонии ҳуқуқӣ ва кумакҳои дигарро беш аз пеш такмил медиҳем. Ҳамчунин барои ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ғамхории доимӣ расондан, ҳамчунин бобати такмил додани низоми суғуртаи иҷтимоӣ чораҳо меандешем.
ӮзЛиДеП аз роҳи рушди Ватан боз намегардад. Санҷиш ва машаққатҳои ин роҳро ба манфиати электорат аз байн бардошта, ҳамеша бо халқ якҷо мемонад! Ба номзадҳои мо овоз диҳед!
Дилором ФАЙЗИЕВА,
Дилмурод ОРТИҚОВ,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.