Муҳтарам иштирокдорони анҷуман! Меҳмонони азиз! Ҳамаи шумо, тамоми онҳоеро, ки дар рушди дини муқаддаси ислом саҳми муносиб мегузоранд, бо дар ватани олимони машҳури олами ислом – Ӯзбекистон кушода шудани Конфронси байналхалқии илмиву амалӣ, бахшида ба омӯхтани мероси илмии муҳаддиси бузург Имом Тирмизӣ самимона муборакбод менамоям.
Хурсандиовар аст, ки дар анҷумани бонуфузи кунунӣ мутахассисони шинохтаи соҳаи исломшиносӣ – олимон ва уламо, коршиносон ва муҳаққиқони машҳур иштирок доранд.
Мо дар шахси шумо идомадиҳандагони анъанаҳои неки мутаффакирони бузург, ифтихори олами ислом – Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизиро мебинем.
Бигузор Худованд дастгиру мададгори шумо бошад, ба шумо бахту саодат ва фаровонҳолӣ орзу мекунам!
Дӯстони азиз!
Дар бораи ниёгон – олимони бузургамон, намояндагони намоёни олами исломи асрҳои миёна сухан гуфта, мо, бешубҳа, дар сафи аввалинҳо номи ҳазрат Имом Тирмизиро ба забон меоварем.
Мо барҳақ бо ин шахсияти беназир, шогирди писандидаи Имом Бухории бузург, ки ба унвони олии Султони муҳаддисон мушарраф шуда, дувоздаҳ аср боз бо осори безавол ва сифатҳои олии инсониаш кишвари моро шуҳратёр мекунад, ифтихор менамоем.
Имом Тирмизӣ дар олам яке аз шаш муҳаддиси бузург эътироф шуда, маҷмӯи ҳадисҳои ӯ аз ҷумлаи манбаъҳои мӯътабар ва эътимодбахш ба шумор меравад, уммати мусалмон дар назди номи ин инсони машҳур сари таъзим фуруд меоварад.
Боз яке аз ифодаҳои амалии ин эътироф он аст, ки мавзӯи баррасии конфронси кунунӣ ба асарҳои нодири Имом Тирмизӣ «Аш-шамоил ал-Муҳаммадия» ва «Сунани Тирмизӣ», ҳамчунин ба масъалаҳои муҳими вобаста ба мероси уламои тирмизӣ ва аҳамияти он дар рӯзҳои мо дахл дорад.
Бояд таъкид намуд, ки дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё ба шарафи ӯ маҷмӯи муҳташами ёдгорӣ қад рост карда, дар шаҳри Тирмиз Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотӣ, ки номи ӯро дорад, муассисаи таълимии миёнаи махсуси исломӣ ва Пажӯҳишгоҳи исломӣ кушода шудаанд.
Муассисаҳои мазкур якҷо бо Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон, Маркази тамаддуни исломӣ, Мактаби илмии ҳадис ва дигар созмонҳои таълимии динӣ ва илмиву тадқиқотӣ мероси ғановатманди Имом Тирмизиро ҳамаҷониба ва амиқ меомӯзанд. Аз ҷумла, асарҳои мутафаккир бо теъдоди зиёд чоп мегарданд. Дар бораи ӯ тадқиқоти илмӣ, китоб ва асарҳои бадеӣ навишта мешаванд.
Умедворам, ки шумо дар доираи конфронс бо корҳое, ки дар ин самт татбиқ мегарданд, аз наздик шинос шуда фикру ақидаи хешро оид ба минбаъд фаъол кардани ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур изҳор менамоед.
Мо, ворисони уламои бузург, таъкид менамоем, ки ислом дини сулҳу салоҳ, некиву инсондӯстӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ бобати ба ҳаёт татбиқ сохтани орзуву омоли неки инсоният якҷо ғанӣ кардани махзани беназири маънавӣ ва барои насли оянда ҳифз намудани онро вазифаи муҳимтарини худ меҳисобем.
Ба олимон ва уламои кишварамон ва шумо, меҳмонони азиз, ба тамоми арбобони илм, ки барои ин мақсади нек фидокории ҳақиқӣ зоҳир мекунанд, миннатдории амиқи худро изҳор менамоям.
Дарҳои муассисаҳои машҳури илмию тадқиқотӣ ва таълимии Ӯзбекистон барои шумо ҳамеша боз аст.
Бори дигар аз таҳти дил шуморо хайрамақдам мегӯям ва дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, кори бомуваффақияти конфронс сиҳату саломатӣ, комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон