«ТАЪЛИМ ВА КАСБ – ТИРАМОҲИ 2024»
Хабарҳои дигар
Аризаҳо барои гирифтани таҳсилоти дуюм онлайн қабул мешаванд
Имрӯз, 10 июл, қабули ҳуҷҷатҳо барои гирифтани таҳсилоти дуюм ва баъдӣ барои шаҳрвандони дорои маълумоти олӣ оғоз гардид. Дар ин бора канали Telegram-и Назорати маориф хабар додааст.
КИТОБҲОИ ДАРСӢ КАЙ ДАСТРАС МЕГАРДАНД?
Роҳандозии таълими босифат дар мактабҳо, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама бо китобҳои дарсӣ ҳамбастагӣ дорад. Таҳкурсии донишу таҷрибаи донишомӯзон бошад, маҳз дар синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад. Яъне, дар ҳаёти хурдсолон баробари ба мактаб қадам ниҳодан саҳифаи комилан нав боз мегардад. Барои онҳо дунёи нав, давраи мактабӣ, марҳилаи омӯзиш оғоз меёбад.
ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ҶАМЪБАСТ ШУД
Имсол дар даври вилоятии олимпиада 134 нафар даъвогарон аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд. Онҳо аз фанҳои гуногун аз санҷиши доварон гузаштанд. Аз шумори умумии иштироккунандагон 45 нафар ғолибонро хонандагони синфи 11 ташкил намуд.
МАСКАНИ ТАРБИЯ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД
Дар шаҳраку маҳаллаҳои дурдасти кишварамон бино ба анъана ба шарофати ҷашни Истиқлоли Ӯзбекистон корхона, биноҳои мактабу кӯдакистон, бемористону бунгоҳҳои тиббии оилавӣ ва хонаҳои истиқоматии бисёрошёна ба истифода супурда мешаванд.
Шахси бомаърифат – тарбиятгари миллат
Дар ноҳияи Норини вилояти Намангон дар доираи барномаи «90 рӯзи зарбдор» корҳои муфид ба роҳ монда шудааст. Чорабиние, ки дар мактаби рақами 37-ум ташкил гардид, «Шахси бомаърифат – тарбиятгари миллат» ном дошт.
43 882 нафар донишҷӯ дар озмоишҳои тестии кӯчондани таҳсил иштирок мекунанд
Барои соли таҳсили 2024/2025 оиди аз муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ва ғайридавлатӣ ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ кӯчондани таҳсил ҷамъ 43 882 нафар довталаб дар озмоишҳои тестӣ иштрок мекунанд.
ДОНИШИ НАЗАРИИ ДОНИШҶӮЁН БО АМАЛИЁТ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД
Донишкадаи давлатии омӯзгории Нуқус ба номи Аҷиниёз яке аз муассисаҳои олии таълимиест, ки дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти олӣ таърихи тӯлонӣ ва арзишҳои хоси худро дорад.
ҚАБУЛ БА ТАҲСИЛОТИ ҒОИБОНА ҚАТЪ ГАРДИД
Квотаҳои қабул ба шаклҳои алтернативии таҳсил, ба истиснои таҳсилоти рӯзона тадриҷан зиёд карда мешаванд.
Омӯзгорон соҳиби хона мешаванд: қабули дархост барои субсидияи ипотека оғоз мегардад
Қабули дархостҳо барои гирифтани субсидияҳо аз рӯи қарзҳои ипотекӣ барои омӯзгороне, ки дорои дараҷаи олии тахассусӣ мебошанд, аз 20 апрели соли ҷорӣ, соати 14:00 оғоз мегардад.
ДАСТАИ «ПАЙРАВОНИ БЕҲБУДӢ» ҒОЛИБ ШУД
Бо мақсади тарғиб намудани мероси адибон ва мутафаккирони маъруфамон дар байни донишҷӯён, боз ҳам баланд бардоштани таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёт ва фароҳам овардани имконият барои намоиш додани истеъдод ва ҳавасмандгардонии онҳо озмунҳои мухталиф гузаронида мешавад.
ЗАБОНИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР КӮДАКИСТОН: МУШКИЛОТ ДАР ЧИСТ?
Синни томактабии кӯдак, ки аз замони таваллуд то ба ҳафтсолагӣ, яъне то оғози таҳсил дар муассисаҳои таълими умумиро фаро мегирад, ибтидои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсияти онҳо мебошад. Маҳз дар ин марҳала тасаввурот, хаёлот, хотира, тафаккур ва нутқи кӯдак ташаккул меёбад. Ба ақидаи мутахассисон, кӯдакон дар ин давра чунон захираи маънавӣ мегиранд, ки он қариб нисфи захираи маънавиёти тамоми умри онҳоро ташкил медиҳад.
КӮДАКОНИ КАРШ АЗ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ МАҲРУМАНД
Маҳаллаи «Карш»-и ноҳияи Сариосиё, ки таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад ва дар гузашта маскани илму зиё ба ҳисоб мерафт, имрӯзҳо ба муассисаи томактабӣ, шифохона, китобхонаи маҳалла, таъмири роҳи мактаб сахт ниёз дорад.