«ТАЪЛИМ ВА КАСБ – ТИРАМОҲИ 2024»

Дар Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Ипак йӯли»-и Самарқанд намоишгоҳи XXVI байналхалқии «Таълим ва касб – тирамоҳи 2024» баргузор шуд.

Намоишгоҳи байналхалқие, ки бояд бо ҳамкории Агентии кор бо ҷавонон, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «MY FAIR» ва як қатор созмонҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар панҷ минтақаи кишвар баргузор шавад, дар Самарқанд низ дар сатҳи баланд ташкил дода шуд. Дар он беш аз 15 муассисаи таълими олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ ширкат ҷустанд. Дар намоишгоҳ шогирдони мактабҳои таълими ҳамагонӣ, бо шавқу иштиёқ, бо барномаҳои таълимии донишгоҳҳо ошно шуданд. Дар акс: лавҳа аз намоишгоҳ. Аксбардор: А. Исроилов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: