МАҲАЛЛАИ МАН – ИФТИХОРИ МАН

Дар асоси ислоҳоти доманфарохе, ки таҳти роҳнамоии Президент Шавкат Мирзиёев дар мамлакати мо татбиқ мегардад, мақсади наҷиби «Ҳама чиз барои инсон — барои бахту саодати инсон» равона шудааст. Ин, албатта, ҳамаи моро қаноатманд мегардонад. Ҳамватанони мо низ дар навбати худ аз шароите, ки давлатамон барои зиндагии осуда ва хушбахтонаи онҳо фароҳам овардааст, миннатдоранд ва боварии онҳо ба фардои дурахшони мо беш аз пеш меафзояд.

Чуноне ки мегӯянд, «Биринҷ бе курмак нест». Барои ҳамин гуфта наметавонем, ки ба қадри сулҳу осоиш, зиндагии ширину осоиштаи мо на ҳар кас мерасаду онро қадр мекунад. Мо наметавонем аз ҳолатҳои ғамангез ва манфие, ки дар ҳаётамон дучор мешавем, чашм пӯшем ва онро нодида гирем. Таваллуди фарзанд дар оила барои оила ва хешу табораш бузургтарин шодиву хурсандӣ аст. Аммо ба ин суол, ки ин кӯдак дар оянда кӣ мешавад, бояд посух пайдо кард. Албатта, пеш аз ҳама, нисбати ин кӯдак диққати зиёд лозим аст. Ин ба зиммаи падару модар ва аъзоёни дигари хонаводаи ӯ масъулияти калон мегузорад. Ғайр аз ин, барои марҳилаи навбатии ба кӯдакистон ва муассисаҳои таълимӣ роҳхат додани кӯдакон аҳли ҷамъият, хусусан маҳалла масъул мебошад. Аз қадимулайём падару модарони равшанфикр на танҳо ба фарзандони худ, балки ба тамоми фарзандони ҳамсояҳо низ меҳру муҳаббат зоҳир намуда, бо маслиҳатҳои пурқимати худ роҳи дуруст нишон медоданд. Дар ин бобат фаъолони маҳалла нақши калон мебозиданд. Онҳо ҳар як аъзои оиларо аз наздик медонистанд. Тӯю маърака бо машварати онҳо ба вуқӯъ мепайваст. Бар асоси ин таҷрибаи таърихӣ имрӯз маҳалла ба ҳалқаи ҳалкунандаи ислоҳот табдил ёфтааст. Ҳама гуна масъала дар худи ҷамоати маҳалла ҳал мешавад ва кумакҳои иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ бар дӯши маҳалла аст. Мавқеи ин ниҳод дар ҷамъиятамон афзуд, иштироки он дар кор ва ҳалли муаммоҳои аҳолӣ хеле вусъат ёфт. Фармони роҳбари давлат аз 21 декабри соли 2023 «Чораву тадбирҳое, ки барои куллан афзоиш додани нақши ниҳоди маҳалла ва истифодаи он ҳамчун звено барои таъмини ҳалли муаммоҳои аҳолӣ нигаронида шудаанд»-ро ҳамчун ҳуҷҷати барномаи муҳим дар бораи фаъолияти Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва такмил додани системаи идоракунии маҳаллаҳо метавон арзёбӣ кард. Система пай дар пай инкишоф меёбад, ба он қувваю имкониятҳои иловагӣ дода мешавад. Пӯшида нест, ки вазифаи дар назди бахши вилоятии он гузошташуда хеле бузург аст. Аммо як раис дар танҳоӣ ҳамаи ин корро карда наметавонад. Аз ин рӯ, барои ҳалли мушкилот «Ҳафтгонаи маҳалла» иборат аз раиси маҳалла, ёвари ӯ, пешвои ҷавонон, занони фаъол, нозири профилактикӣ, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз таъсис дода шуд. Низоми ошкор ва ҳалли мушкилоти аҳолӣ такмил ёфта, дар ҳамин ҳол рушди соҳибкорӣ дар маҳалла, таъмини шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ вазифаи асосии онҳо дониста шудааст. Мисоли равшани ин аҳамияти рӯзафзуни бо кор таъмин намудани аҳолӣ мебошад. Бар асоси «Таҷрибаи Сайҳунобод» сокинон аз ҳисоби парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои холии хонаҳои худ даромади иловагӣ ба даст меоранд. Дар асоси қарори коллегияи «Ҳафтгонаи маҳалла» 64 намуди кумаку субсид амалӣ гардида, аз 1 январи соли равон дар тамоми маҳаллаҳо низоми «Буҷаи маҳаллӣ» ҷорӣ гардида, дар ташаккули ҳалли муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодии маҳалла имкониятҳои калон ба вуҷуд овардааст. Татбиқи системаи «Буҷаи маҳаллӣ» иқтидори сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ниҳодро зиёд кард. Ваколати харҷ кардани маблағи хазина дар ихтиёри худи маҳалла гузошта шуд. Дар асоси қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ободонию кабудизоркунии маҳалла ва ба куллӣ беҳтар намудани симои маҳалла» дастур дода шуд, ки то охири соли равон низоми нави таъмини ободонии маҳалла бо иштироки бахши хусусӣ ҳамчун таҷриба ба роҳ монда шавад. Дар асоси ин вазифа ба сифати намунаи хизматрасонии коммуналӣ дар маҳаллаи «Юксалиш»-и ноҳияи Бағдод ҶММ «Юксалиш маҳалла сервис компани» таъсис дода шуд. Бинои замонавӣ сохта, 24 нафар шаҳрвандони бекори ин маҳалла бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Онҳо ба 2 ҳазору 176 хоҷагии маҳалла 24 хел хидмати гуногуни маишӣ мерасонанд. Аммо барои боз ҳам беҳтар кардану такмил додани фаъолияти маҳаллаҳо бисёр корҳоро ба ҷо овардан лозим аст. Барои ин кадрҳои пуртаҷрибаю содиқро ба маҳалла ҷалб кардан, кори тарғиботиро ба зинаи нав бардоштан, дар ин корҳо аз донишу таҷрибаи педагогҳо, духтурон, ҳуқуқшиносон самаранок истифода бурдан лозим аст. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) мунтазам баргузор намудани озмунҳои «Маҳаллаи ибратнок» ва «Оилаи ибратнок» ба мақсад мувофиқанд. Ба ин васила метавон оилаҳои нисбатан нооромро ба қатори оилаҳои намунавӣ шомил кард. Масъулияти мураббияҳои кӯдакистонҳо ва омӯзгорони мактабҳоро дар тарбияи фарзандонамон боз ҳам баланд бардоштан, ҳамкории онҳоро бо оила мустаҳкам кардан низ бояд як ҷузъи кори маҳалларо ташкил намояд. Ғуломҷон МАДУМАРОВ, депутати Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Марғелон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: