Дар Ҳиндустон дарёи муқаддаси Ямунаро, ки аз Нью Деҳлӣ мегузарад, қабати ғафси кафки сафед фаро гирифт.
Агентии "Press Trust of India" бо такя ба коршиносон хабар медиҳад, ки вазъ метавонад ба саломатии мардум хатар эҷод кунад.
Ҳизби ҳукмрони "Инсонҳои умумӣ" гуфт, ки ҳукумати пойтахт вазъро бодиққат назорат мекунад.
– Барои мубориза бо ин мушкилот аллакай моддаи махсуси кимиёвӣ пошида шудааст ва барои идора ва ҳалли вазъ чораҳои фаъол андешида мешаванд", – аз суханои вакили ҳизб иқтибос овардааст рӯзнома.
Коршиносони соҳаи муҳити зист мегӯянд, дар кафки занг миқдори аммиак ва фосфат зиёд буда, ба саломатӣ хатари ҷиддие эҷод карда, мушкилоти роҳҳои нафас ва пӯстро ба вуҷуд меорад.
Дар Ямуна, ки обаш хеле ифлос аст, қарибки моҳӣ нест, аксар вақт кафк ба вуҷуд меояд. Шаҳрвандон пайваста ҳукумати шаҳрро ба он айбдор мекунанд, ки ба қадри кофӣ кор намекунад.