Дар Андиҷон заводи истеҳсоли автомобилҳои боркаш сохта мешавад

Мувофиқи лоиҳа соле 10 ҳазор мошини боркаш истеҳсол карда мешавад, ки сохтмони завод дар моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз меёбад.

Ширкати чинии “Faw Trucks” дар вилояти Андиҷон мошинҳои боркаш тавлид мекунад. Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят хабар додааст.

Ҳайати роҳбарияти ширкат дар доираи сафари худ ба вилоят бо роҳбарияти ҳокимияти вилоят гуфтушунид анҷом дод.

Арзиши умумии лоиҳа 100 миллион доллар буда, дар назар аст, ки дар чаҳорчӯбаи он заводи соле ба истеҳсоли 10 ҳазор мошини боркаш ихтисосонидашуда  бунёд карда шавад.

Бар замми ин, аъзои ҳайат бо корҳои созандагии минтақаи озоди иқтисодии “Ипак йўли”-и Андиҷон шинос шуданд. Ба онҳо дар бораи корҳои сохтмони лоиҳаи истеҳсоли таҷҳизоти тозакунандаи ҳаво ва кондитсионерҳо таҳти тамғаи «NAWAS» маълумот дода шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: