23-24 октябр дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми V олимони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар он олимону муҳаққиқони варзида ва роҳбарони муассисаҳои илмии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсади асосии форум фаъолсозӣ ва рушди ҳамкории илмию техникӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳлили ҳолат ва имконияти рушди илми фундаменталӣ, инчунин такмили раванди рақамикунонӣ дар маориф ва илм дар давлатҳои ИДМ мебошад.
Дар ҳошияи форум ҳамзамон ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Ташкилкунандагони форум Кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Фонди байнидавлатии ҳамкории бунёдии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мебошанд.