АСАЛ КАМХУНИРО БАРТАРАФ МЕКУНАД

Асалро аз қадим чун доруворӣ барои бемориҳои зиёд истифода мебаранд. Табибон мефармоянд, ки хӯрдани асал баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва рагҳоро мекушояд.

Он балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд, онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ менамояд.

Инчунин асал санги гурдаро майда намуда, мерезонад ва шамолхӯрӣ, дарди меъдаю рӯда ва камхуниро бартараф мегардонад. Ҳакими бузург Ҷолинус дар маълумотномаи тиббиаш чунин овардааст: «Дар нафъ ба бадан ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест ва он илоҷи аксар бемориҳову сириштани давоҳо аст».

Маҳз дар шаб механизмҳои асосии бадани мо фаъол мешаванд ва истеъмоли як қошуқча асал пеш аз хоб ба сӯхтани чарбҳо ва суръатбахшии мубодилаи моддаҳо мусоидат мекунад. Инчунин асал ҳангоми истеъмоли шабона ба барқароршавии ҳуҷайраҳои ҷигар таъсир мерасонад ва иммунитетро мустаҳкам мекунад. Барои пешгирии бемориҳои вирусӣ ва бактериявӣ истеъмоли якҷояи асал ва сирпиёз фоидаи калон дорад. Чунин тавсия медиҳанд мутахассиссони соҳаи тиб.

Инчунин асал аз антиоксидантҳо бой аст, ки бадан ва қалбро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад.

Аммо, ҳатто бо вуҷуди ин ҳама фоидаҳо, асалро бояд ба меъёр истеъмол кард, зеро он аз калорияҳо ва шакар бой аст. Барои кӯдакони то 1-сола ва нафароне, ки бемории қанд ва ҳассосият доранд, истеъмоли ками он тавсия дода мешавад.

Асалро дар соҳаи косметология васеъ истифода мебаранд. Бо асалоб шустани рӯй манфиатбахш аст. Ин намуди косметикаи табиӣ пӯсти рӯйро нарму мулоим намуда, онро ҷило мебахшад. Барои рехтани мӯи сар ҳам аз малҳами асал бо дорчин васеъ истифода мебаранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: