Забон воситаи муҳимтарини робита байни одамон аст ва дар айни ҳол пойдевори дӯстӣ, сулҳу субот, рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. 35 сол муқаддам забони ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон, яъне зимни қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» 21 октябри соли 1989 мақоми давлатӣ гирифт.
Ин қадами нахустин буд ба сӯйи Истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон. Дар моддаи 4-уми Конститутсияи нави Ӯзбекистон забони ӯзбекӣ забони давлатии Ӯзбекистон эълон шудааст.
Ӯзбекистон давлати сермиллат аст. Дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ, донишгоҳҳо ба ҳафт забон таълиму тарбия пеш бурда мешавад. Тоҷикон аз ҷиҳати нуфус дар ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол мекунанд. Дар Ӯзбекистон 848 мактаби русӣ, 417 қазоқӣ, 377 қароқалпоқӣ, беш аз 250 тоҷикӣ, 60 қирғизӣ ва 43 мактаби туркманӣ фаъолият мекунанд. Ба забонҳои миллӣ рӯзномаву маҷалла ва китобҳо нашр ва аз тариқи телевизион ва радио барномаҳо пахш мешаванд.
Халқи Ӯзбекистон Рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекиро бо тантана ҷашн гирифтанд. Чун ҳамаи муассисаҳои кишвар Рӯзи забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимаш тоҷикии ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ (2 кӯдакистон ва 5 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ) бо тантана ҷашн гирифта шуд.
Тадбирҳо собит намуд, ки тарбиятгирандагон ва донишомӯзони муассисаҳои таълимӣ ба забони давлатӣ озод ҳарф мезананд ва шеъру таронаҳои зиёд аз бар намудаанд.
Ӯзбакбойи РАҲмон,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.