САМТҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ИМКОНОТИ ИЛОВАГӢ МАЪЛУМ КАРДА ШУД

  • САМТҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ИМКОНОТИ ИЛОВАГӢ МАЪЛУМ КАРДА ШУД
  • САМТҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ИМКОНОТИ ИЛОВАГӢ МАЪЛУМ КАРДА ШУД
  • САМТҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ИМКОНОТИ ИЛОВАГӢ МАЪЛУМ КАРДА ШУД
  • САМТҲОИ МУҲИМИ ИҚТИСОДИЁТ ТАҲЛИЛ ГАРДИДА, ИМКОНОТИ ИЛОВАГӢ МАЪЛУМ КАРДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 22 октябр оид ба масъалаҳои маҳаллигардонӣ, рушди шарикии давлативу хусусӣ, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ин самтҳо, ки иқтисодиётро таҳрик мебахшанд, корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Дар ҳафт соли охир ба мамлакатамон беш аз 78 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид. Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ қонун қабул гардид, беш аз ҳазор лоиҳа ба кор андохта шуд. Истеҳсоли 1800 намуди маҳсулот ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон ҳанӯз имконот хеле зиёд аст. Дар ҷамъомад ҳар яке аз ин самтҳо таҳлил ва ба имконоти иловагӣ ишора гардид.

Ҳоло дар тамоми соҳаҳо 366 лоиҳаи калон ба қимати 140 миллиард доллар татбиқ мегардад. Дар чорчӯбаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳар сол таҷҳизот, ашёи хом ва масолеҳи сохтмон ба миқдори 15 миллиард доллар ворид карда мешавад. Таъкид шуд, ки дар ҳар як лоиҳа саҳми маҳсулоти маҳаллиро зиёд кардан мумкин аст.

Чунин имконотро соҳаҳои калони мамлакатамон низ дорад. Барои мисол, бинобар барномаи рушди соҳаи энергетика то соли 2030 164 объекти энергетикии 36 миллиард долларина сохта мешавад. Аз он 88-тоаш дар асоси шарикии давлативу хусусӣ мебошад.

Дар саноати маъдани кӯҳӣ инчунин барнома ба қимати 1 миллиарду 230 миллион доллар қабул гаштааст. Ба корхонаҳои калони соҳа дар асоси манфиати тарафайн корхонаҳои маҳаллӣ вобаста карда шудаанд.

Дар саноати автомобилсозӣ инчунин имконоти истифоданашуда зиёд аст. Дар мамлакатҳои ҳамсоя ниёзи солона ба қисмҳои эҳтиётии автомобил 1 миллиард долларро ташкил менамояд.

Таъкид шуд, ки зимни маҳаллисозӣ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор чи аз лиҳози нарх ва чи аз лиҳози сифат ва инчунин афзудани содирот эътибори  алоҳида бояд дода шавад.

Ногузирии ташаккули лоиҳаҳои дақиқ бинобар ин самтҳо ва ба натиҷа табдил додани имконот таъкид шуд. Пешниҳодот оид ба рушди ҳамкории байни соҳаҳои саноат ва минтақаҳо, афзудани саҳми маҳсулоти ватанӣ ва хидматрасонӣ дар харидҳои давлатӣ иброз гардиданд.

Чанде пеш лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба миқдори 30 миллиард доллар дар асоси шарикии давлативу хусусӣ тасдиқ гардиданд. Аз он ҷумла барномаҳо ба 10 миллиард доллар дар соҳаи нақлиёт, 6 миллиард доллар дар соҳаи иҷтимоӣ ва 5 миллиард доллар дар ҷанбаи коммуналӣ пешбинӣ мегарданд.

Вазифаҳо оид ба ҷалби сармоягузорон ба ин лоиҳаҳо ва босамар харҷ намудани маблағ муайян карда шуданд.

Дар ҷамъомад инчунин суръати сармояҳои хориҷӣ ва нақшаҳои оянда баррасӣ гардиданд.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 23 миллиарду 660 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид. Инчунин 120 объекти калони истеҳсолкунанда ба қимати 4 миллиарду 600 миллион доллар ба кор даромад.

Ин суръат то охири сол нигоҳ дошта мешавад. Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки миқдори умумии сармояи хориҷии ҷалбгардида дар солҳои 2017–2024 аз 100 миллиард доллар зиёд мегардад.

Дар ҷамъомад шахсони масъул дар бораи нақшаҳои иҷрои вазифаҳои гузошташуда маълумот доданд.

 

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: