ЗАБОН РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Забон рамзи ҳастӣ, ҳамҷиҳатӣ, фахри миллат мебошад. Ҳар сол дар кишварамон бо ташаббуси Президент Ш.Мирзиёев Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳи идона қайд мегардад.

Имсол ҳам ин ид чун анъана аз субҳи 21 октябр бо гул гузоштани вакилони Маъмурияти Президент, Девони Вазирон ва дигар мутасаддиёни вазорату идораҳо, нависандагону шоирон, олиму донишҷӯён ба пояи ҳайкали Алишер Навоӣ оғоз гардид. Зеро дар равнақу мақоми устувори забони ӯзбекӣ хидмати шоир, мутафаккири бузург Алишер Навоӣ хеле калон аст.

Ба муносибати 35-солагии мақоми давлатӣ гирифтани забони ӯзбекӣ дар Қасри анҷуманҳои пойтахт барномаи адабию маърифатӣ баргузор гардид.

Дар он табрики Президент Шавкат Мирзиёев ба муносибати иди Рӯзи забони давлатиро мушовири Президент Хайриддин Султонов ба самъи иштирокчиён расонид.

Дар чорабинӣ масъалаҳои сол аз сол баланд бардоштани нуфузи забонро тавассути видеороликҳо намоиш доданд. Зикр гашт, ки аз минбарҳои байналхалқиву вохӯриҳои миқёси ҷаҳонӣ дар кишварҳои тараққиёфтаи дунё  бо забони давлатӣ ҳарф задани Президент Ш.Мирзиёев тасдиқи эътибори ҷудогона зоҳир намудан ба забони давлатӣ аст.

Дар монитор нишон додани фаъолияти яке аз намояндагони ҳаракати ҷадидӣ – Саидризо Ализода, донандаи 14 забон, кӯшишу ҳаракати ӯ дар равнақи забон, чопи рӯзномаву китобҳои дарсӣ тавассути видео ва намоиши лавҳа аз спектакли «Шабҳои берӯз»-и Усмон Азим ба иштирокчиён таассуроти калон гузошт.

Алҳол назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишер Навоӣ маркази омӯзиши асосҳои корбарӣ ба забони давлатӣ ва такмили ихтисос ташкил шудааст. Донишандӯзони марказ ва як қатор вакилони хориҷие, ки дар фаъолияти худ ба омӯхтани забони ӯзбекӣ ниёз пайдо кардаанд ва аз ин  хидмати марказ баҳра бардоштаанд, миннатдории худро бо забони ӯзбекӣ баён намуданд.

– Ҳамчун варзишгар омӯхтани забони давлатиро зарур меҳисобам, – мегӯяд Светлана Осипова, таэквандочӣ, соҳиби медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ. – Ҳар вақт дар мусобиқаҳои байналхалқӣ танинандозии мадҳияи кишварамон ҳаяҷони маро дучанд мегардонад. Бо тамоми ҳиссиёти ватандӯстонаи худ аз хондани мадҳияву донистани забони давлатӣ худро бахтиёр ҳис мекунам.

Суруду рақсҳои бо мавзӯъ ва мазмуни худ ба тараннуми забон ҳамоҳанг аз ҳар ҷиҳат ба иштирокчиёни манзур шуд. Махсусан, аз бойгонӣ гузоштани порчаҳои сурудҳои нотакрори  Маъмурҷон Узоқов,  Комилҷон Отаниёзов, Таваккал Қодиров, Тамарахонум, Ботир Зокиров ва Шералӣ Ҷӯраевро иштирокдорон бо кафкӯбиҳо пазируфтанд.

Баромади актёрон дар симои Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Муҳаммадризо Огаҳӣ, Чӯлпон ва тавассути порчаҳои шеърӣ намоён кардани сайқали забони давлатӣ диққатҷалбкунанда буд.

– Барномаи консертӣ аз ҳар ҷиҳат гуворо ташкил гардидааст, – гуфт раиси Маркази миллӣ-мадании ҷумҳурии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова. – Дар он бо суруду рақсҳои дилошӯб иштирок кардани марказро алоҳида қайд намуданиам. Зеро дар ҳар як чорабинии давлатӣ намояндагони гуногуни марказҳо, аз ҷумла, маркази мо низ бо баромадҳои худ  иштирок мекунанд.

Қироати намунаи шеърҳо аз ҷониби вакилони кишварҳои гуногун ва миллатҳое, ки дар кишварамон зиндагиву фаъолият мебаранд, ҳурмату эътирофи самимӣ нисбати забони давлатиро инъикос намуданд.

Тантанаҳои идона бахшида ба таҷлили иди забони давлатӣ дар саросари кишварамон бо шукӯҳи хоса идома дорад.

 

Гулҷаҳон Кабирова,

хабарнигори

«Овози тоҷик».

Суратгир:

А. АЛИҶОНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: