Чанде пеш ба Дилором Усмонова аз садорати таълими халқи шаҳри Самарқанд хабар доданд, ки вай ба муносибати Рӯзи муаллимон ва мураббиён бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сарфароз шудааст ва пагоҳ дар ҳокимияти вилоят маросими мукофотсупорӣ мешавад. Ӯ ҳатман омаданаш зарур аст.
Рӯзи дигар, ки дар партави аввалини нури хуршеди оламафрӯз, ки ҳусну латофати тирамоҳи зарринро ба ҷилва медоду насими ҷонпарвар маҳин-маҳин вазида, бӯйи хуши гулу рустаниҳои Самарқандро ба машом мерасонд, Дилором бо либоси идона ва таъби болида рӯ ба сӯйи бинои ҳокимияти вилоят овард. Ва беихтиёр дар лавҳи хотираш башорати собиқ директори мактаби рақами 22-юми гузари Сӯзангарон раҳматӣ Қуддус Расулов омад, ки соли 1989 рух дода буд...
Он айём ӯ на ҳамчун талаба, балки омӯзгори дипломдор бо роҳхати Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба остонаи таълимгоҳи азизаш бо орзуҳои ширин қадам мегузошт. Дар оғӯши хайёлот худ бехабар монд, чӣ тавр ба қабулхонаи сарвари мактаб расид. Ӯ танҳо вақте ба худ омад, ки дар китфаш гармии дасти модари муқаддасу ғамхори хешро ҳис намуд. Аз нигоҳи маънидоронаи волидаи мукаррама маълум буд, ки изтиробу ҳаяҷон ва эҳсосоти ботинии духтараш аз вай пинҳон намондааст.
– О, ҷони оча, – фарзандашро меҳрубонона ба оғӯш гирифт модараш Маҳбуба Мӯъминова, – ман ҳам дар синни ту ба якумчаҳо савод меомӯзондам, лекин ба ҳаяҷону таҳлука наафтода будам. Медонам, изтироб низ аломати масъулиятшиносист.
Ҳамин вақт директори мактаб Қуддус Расулов аз утоқи кории худ берун баромада, онҳоро ба дарун таклиф кард.
– Духтарҷон, мақоле ҳаст, – ҳуҷҷатҳои Дилоромро аз назар гузаронида барафзуд ӯ, – ҷойи аспро тойча мегирад. Модаратон таҷрибаи кофӣ доранд ва ба шумо аз асрори касби педагогӣ огоҳӣ хоҳанд дод. Ана сонӣ шумо бо гузашти айём чун муаллимаи фозилу доно Мӯъминова соҳиби унвонҳои баланд мешавед...
Дилором Усмонова ба бинои ҳокимияти вилоят ворид гашт. Аз дасти ҳокими вилоят нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро гирифт. Замоне модари ӯ низ бо чунин нишон ва мукофоти умумиттифоқии давлатии ба номи Надежда Крупская сарфароз гардида буд.
Илоҳо рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод, раҳматӣ модараш Маҳбуба Мӯъминова кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷигаргӯшааш дар ҳар ҳолат пуртоқат, некбин, дурандешу ботамкин бошад.
Албатта бо хонандагони хурдсол зуд забон ёфтану соҳиби дониш кардан осон набуд. Охир табиати хурдтаракон ба ҳама маълум. Онҳо шӯхию бозиро дӯст медоранду ҳамеша беқарору кунҷков ва ғайратманд мебошанд.
Чӣ ҷойи руст кардан аст, агар омӯзгор ҷараёни дарсҳоро ба завқу шавқи онҳо мувофиқ накунад, бешубҳа шогирдаш аз хондану навиштан дилсард мешавад. Бинобар ин, Дилором Усмонова кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ширинзабонӣ, навозишу ситоиш таваҷҷуҳи онҳоро ба худ кашад, рӯҳашонро болида созад. Саводомӯзии писаракону духтаракони беқарор бо истифодаи бозиҳои шавқовару дилнишин, хондани афсонаҳои дилчаспу хушанҷом, сайр ба оғӯши табиат толибилмонро ба таълиму тарбият шавқманд намуд.
– Муаллим муҳандиси рӯҳияти инсон аст, – мегӯяд Дилором Усмонова, – боиси хушнудист ва ифтихор аст, ки асрори касби педагогиро аз модари муқаддасу падари бузургворам омӯхта, ҳоло таҷрибаи хешро ба омӯзгорони ҷавон ёд медиҳам.
Дар солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлатамон бисёр қонун, фармон ва қарорҳо оид ба рушди таълиму тарбият қабул гардида, корҳои муфид ба амал татбиқ мегарданд.
Чанде пеш Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати Рӯзи муаллимон ва мураббиён бо намояндагони соҳа мулоқот ороста чунин гуфтанд: «Маориф аз ҳама соҳаҳои муҳимтарин аст, мактаб муҳимтарин муассиса ва касби омӯзгорӣ аз ҳамаи касбҳо шарафноктарин аст. Барои ман шахсан муаллим шахсест, ки аз ӯ нур меборад.
Онҳо шахсоне мебошанд, ки ҳамеша дар сафи пеши замони мо меистанд, ватандӯстони содиқ ба халқи худ мебошанд. Аз ин рӯ, халқи мо бузургтарин сарвати худ – таълиму тарбияи фарзандони худро ба муаллимон бовар карда месупорад».
Ба таъкиди Президент таълим – соҳаи аз ҳама рӯзмарра, мактаб – муассисаи муҳимтарин, омӯзгорӣ – аз наҷибтарин касбҳо мебошад, мо ба масъалаи мазкур камарбаста ҳастем.
Д. Усмонова таъкид намуд, ки ман аз паси волидон рафта, аз касби худ ҳам бахту ҳам қадр ёфтам.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.