Хушбахтона, сафи он-ҳое, ки Бухорои шарифро дидан, аз ёдгориҳои таърихии он баҳра бурдан мехоҳанд, сол то сол меафзояд. Дар давоми 9 моҳи гузаштаи соли равон ба ин ҷо 1 миллиону 118 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф оварда, тавассути хидматҳои пешниҳод шуда содироти сайёҳӣ ба 279,1 миллион доллари ИМА расид.
Баробари ин, аз минтақаҳои ҷумҳуриамон бештар аз 3 миллион нафар аҳолии маҳаллӣ ба дидани Бухоро омада рафтанд. Солҳои охир дар шаҳри бостонӣ бунёд гардидани 60 объекти нави меҳмонқабулкунӣ, аз ҷумла 14 меҳмонхона, 10 хостел, 36 манзили меҳмонони оилавӣ ва ба фаъолият оғоз намудани онҳо омили муҳими афзоиши шумораи сайёҳон гардид. Илова ба ин, дар ҳудуд ба кор оғоз кардани 34 нафар туроператору турагентҳои нав ва дар натиҷа ба 177 нафар расидани шумораи онҳо самараи дилхоҳ дод.
Бояд таъкид намуд, ки то охири сол ба шаҳри шариф омадани беш аз 1,5 миллион нафар меҳмони хориҷӣ ва наздик ба 4 миллион нафар сайёҳони маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Амрулло Авезов,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.