Шумораи қурбониёни ҳуҷумҳои қӯшунҳои давлати Исроил дар Лубнон аз моҳи октябри соли гузашта то инҷониб ба 2 530 нафар расид, гуфта мешавад дар изҳороти Кумитаи вазъияти фавкулоддаи ҳукумати ҷумҳурӣ.
«Теъдоди умумии талафот аз оғози таҷовузи Исроил ба 2 530 нафар расида, 11 803 нафар маҷрӯҳ шудаанд», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Бар асоси ин гузориш, тайи 24 соати гузашта дар манотиқи мухталифи Лубнон бар асари зарбаҳои неруҳои артиши Сурия 63 нафар ҳалок ва 234 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад ria.ru.