Пештар ҳангоми иштирок дар чорабинӣ, нишасту маҳфилҳо, гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо, кам касонеро медидем, ки дар чашм айнак доштанд. Ҳоло баръакс аст. Дар ҳар чанд қадам бо нафарони айнакпӯш рӯ ба рӯ меоем. Сад афсӯс, ки теъдоди зиёди онҳо ҷавонон ва ҳатто наврасони мактабхон мебошанд.
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳоло дар ҷаҳон тақрибан 2 миллиард ҳолати осебпазирии биноӣ ё нобиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Беш аз 1 миллиарди онҳо ба далели пешгирӣ ва табобат накардани бемориҳои чашм ба амал омадаанд. Ин нишондиҳанда, яъне гирифторӣ ба бемориҳои чашм дар мамлакати мо низ хушҳолкунанда нест.
Мувофиқи маълумоти Хидмати матбуоти Агентии статистикаи назди Президент бино ба ҳолати 1 январи соли 2024 ба 1 050 200 нафар бори аввал ташхиси бемориҳои чашм ва дастгоҳҳои ёрирасони он гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёси соли 2019 қариб ду баробар зиёд аст. (Дар соли 2019 дар 683300 нафар бори аввал бемориҳои чашм ва узвҳои ёрирасони он аниқ гардидааст).
Дар байни ин беморон ба беш аз 58 ҳазор нафар бори аввал ташхиси дурро дида натавонистан гузошта шудааст. Аз ин миқдор 14900 нафар кӯдакони то 14 сола, беш аз 11 ҳазор нафар наврасони 15-17-сола ва 32600 нафар ҷавонони 18 сола ва синнашон аз он боло мебошанд. Ғайр аз ин, дар зиёда аз 25 ҳазор нафар катаракта аниқ гардидааст, ки беш аз 1000 нафари кӯдакони то 14 сола мебошанд.
Саволҳои барҳақ ба миён меоянд: худ чӣ гуна омилҳо боиси бемориҳои чашм, бахусус, хирашавии узви босира дар байни бачагон мегарданд? Чӣ тавр бемориҳои чашмро пешгирӣ кардан мумкин аст?
– Вақтҳои охир теъдоди бештари одамон аз бемориҳои чашм, аз ҷумла касалиҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синнусолӣ, бемориҳои илтиҳоби чашм, хирашавии чашм шикоят мекунанд, – гуфт мудири шуъбаи ташкилии услубии Маркази тиббии ихтисосонидашудаи илмиву амалии ҷумҳуриявии микрохирургияи чашм, катарактолог Мурод Темуров. – Мутаассифона, дар байни онҳое, ки аз хирашавии узвҳои босира шикоят мекунанд, ҷавонону кӯдакон зиёданд. Мувофиқи омор ва таҳлилҳо, солҳои охир дар миёни кӯдакону наврасон бемориҳои камбинӣ, миопия ва гиперопия бештар мушоҳида мегардад. Албатта, ин бо як қатор омилҳо вобаста мебошад. Яке аз омилҳо, ки боиси бемориҳои чашм дар кӯдакон мешавад, давраи ҳомилаи модар аст. Дар ин давра модар бе тавсияи табиб дору истеъмол мекунад ва ин боиси заифшавии узвҳои босираи кӯдак мегардад. Дар се моҳи аввали ҳомила модар набояд доруҳоро бидуни тавсияи духтур истеъмол намояд. Инчунин, никоҳи хешутаборӣ низ сабаби гирифторӣ ба бемориҳои чашм мешавад. Омили дигаре, ки боиси заъфи биноӣ мегардад, истифодаи аз меъёр зиёди телефонҳои мобилӣ, компутер, технологияҳои иттилоотӣ ва тамошои телевизор мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки зиёда аз се соат истифода бурдани телефони мобилӣ дар як рӯз, тамошои беист ва нодурусти телевизор ба қобилияти визуалии бачагон таъсири манфӣ мерасонад.
Бино ба натиҷаи таҳқиқоти олимони аврупоӣ дар давоми рӯз зиёда аз се соат истифода намудани компютер на танҳо ба паст шудани биноӣ, балки ба хасташавии организм, вайрон шудани кори системаи асаб, номуътадил гардидани гардиши хун, бад шудани нафаскашӣ, дарди сар ва таъсири равонӣ оварда мерасонад.
– Ҳамчун мутахассис барои солим нигоҳ доштани чашм чӣ тавсияҳо медиҳед?
– Мо бояд пеш аз ҳама чораҳои пешгирикунандаро андешем. Масалан, машқҳои варзишӣ кунем, ки ин сустшавии қувваи чашмро пешгирӣ мекунад. Инчунин, ғизои солим низ муҳим аст. Норасоии витаминҳои А ва Е дар организм низ сабаби камшавии нури чашм мегардад. Истеъмоли бештари меваҳое, ки ранги зард доранд, маҳсулоти лӯбиёгӣ, гӯшт, равғани моҳӣ, сабзавот ва дигар хӯрокҳое, ки аз шир тайёр карда мешаванд, барои ҷилавгирии чунин бемориҳо мусоидат мекунанд. Одамоне, ки дар назди компутер зиёд кор мекунанд, бояд реҷаи корро риоя намоянд. Дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Инчунин, ҳангоми кор истифодаи айнакҳои махсус мувофиқи мақсад мебошад. Чунки чунин айнакҳо чашмро аз зарари нурҳои электромагнитие, ки аз компутер пош мехӯранд, ҳифз менамояд.
Дар доираи мавзӯъ
Омилҳои асосие, ки ба биноии чашм ҳангоми истифодаи смартфон таъсир мерасонанд:
Масофаи наздик ба чашм. Экрани смартфон одатан дар масофаи тақрибан 10-20 см аз чашм ҷойгир аст. Ин масофа, назар ба масофае, ки мо ба объектҳои дур нигоҳ мекунем, хеле наздиктар аст. Дар чунин масофаи наздик, мушакҳои чашм маҷбур мешаванд, ки доимо ба тасвир диққат диҳанд. Ин метавонад ба рушди миопия, астигматизм ва дигар нуқсонҳои визуалӣ расонад.
Нурпошиҳои кабуд. Экрани смартфонҳо нури кабуд мебарорад, ки ин ба рушди дегенератсияи макулярӣ мусоидат мекунад ва ин яке аз сабабҳои асосии аз даст додани биноӣ дар пиронсолӣ мебошад.
Кам будани равшанӣ. Мо аксар вақт смартфонҳоро дар торикӣ ё дар утоқҳои равшаниашон паст истифода мебарем. Ин метавонад боиси хастагии чашм, хушкӣ ва ҳатто дарди сар гардад.
Барои кам кардани таъсири манфии смартфон ба чашм, мо бояд чунин қоидаҳоро риоя кунем:
– дар як вақт ба экрани смартфони худ зиёда аз 20 дақиқа нигоҳ накунед;
– ҳар 20 дақиқа танаффус намоед, то чашмонатон истироҳат кунад;
– смартфони худро аз чашмонатон на камтар аз 20-30 см дур нигоҳ доред;
– хусусияти филтркунии нури кабудро истифода баред (агар смартфони шумо он функсияро дошта бошад).
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».