Дар тамоми гӯшаву канори кишварамон ба интихоботи ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони мардумӣ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки 27-уми октябри соли 2024 баргузор хоҳад гашт, омодагии ҳамаҷониба дида шудааст.
Комиссияҳои итихоботӣ дар маҳалҳо хеле фаъол буда, дар сатҳи баланд баргузор сохтани ин чорабинии муҳими сиёсиро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонанд. Дар гӯшаҳои дурдасти ҷумҳурӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин маърака дар сатҳи баланд баргузор шавад.
Аз ҷумла, дар ҷа-моаи шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯл»-и ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё ба интихоботи навбатии ҳизбҳои сабтиномшудаи кишвар, намояндагони мардумӣ ба Палатаи қонунгузорӣ ва шӯ-роҳои маҳаллии депутатҳо комилан омода шудаанд. Дар ин мавзеъ бунгоҳи интихоботии рақами 920 ҷой гирифтааст, ки шомили ҳавзаи интихоботии рақами 58-и ноҳияи Шаҳрисабз мебошад. Ин бунгоҳ аз маркази ноҳия 85 километр дур буда, дар маҷмуъ 785 шаҳрванд дорад, ки ба ҳуқуқи овоз додан соҳибанд.
Раиси комиссияи интихоботии маҳаллаи Кӯл Имоммуҳаммад Ҷумъаев (директори дабистони рақами 64) буда, комисссияи таҳти роҳбарии ӯ аз нӯҳ узв иборат мебошад. И. Ҷумъаев гуфт, аъзои комиссияро муаллимони пешқадами мактаби рақами 64, кормандони муассисаи томактабии рақами 44 ва аъзои ҳафтгонаи маҳалла ташкил мекунанд. Онҳо пайваста дар ҳаракат буда, ба хонаҳои мардум рафтаву аз нозукиҳои ин маъракаи сиёсӣ сухан ба миён меоранд, тарғибу ташвиқ мекунанд, ки интихобкунандагон дар интихобот ширкати фаъоле дошта бошанд.
Назар ба таъкиди М. Ҷумъаев, дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи Кӯл 340 бонувон умр ба сар мебаранд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро соҳибанд. 300 нафар раъйдиҳандаи бунгоҳро ҷавонони синни 18 то 30 сола ташкил медиҳанд.
Бунгоҳи интихоботии рақами 920 дар бинои мактаби рақами 64 ҷой гирифта, мувофиқи дастур ва низоми кории интихобот аз панҷ хона иборат аст, ки як хона барои кормандони тибб ҷудо шудааст. Рӯзи интихобот навбатдори махсуси соҳаи тандурустӣ низ ҳузур хоҳад дошт.
Ду ҳуҷраи овоздиҳӣ ташкил шуда, қуттиҳои махсус низ гузоштаанд, ки варақаҳоро ба он хоҳанд партофт.
Маълум гардид, ки бо қарори комиссияи интихоботӣ 75 адад варақаи интихоботӣ пешопеш ба раъйдиҳандагоне, ки қаблан муроҷиат кардаанд, тақсим шудааст ва онҳо бояд пеш аз мӯҳлат овоз диҳанд. Алҳол барои интихоботи пеш аз мӯҳлат 20 шаҳрванд овоз додаанд.
Раиси комиссияи интихоботии бунгоҳи рақами 920 таъкид кард, ки ду номзад ба Шӯрои ноҳиявӣ – Мирзоев Зоҳир ва Сафаров Абдумалик бо мардуми деҳаи Кӯл дидору мулоқот баргузор намуданд. Ҳамчунин номзад ба намояндагӣ дар Шӯрои вилоятӣ Машраб Шукуров низ омадаву бо интихобкунандагон вохӯрдааст ва бо барномаи кори худ онҳоро шинос кардааст. Аз байни ҳизбҳои сиёсӣ танҳо намояндаи Ҳизби халқию демократӣ Дилором Имомова бо мардум мулоқот дошт ва ба пурсишҳои интихобкунандагон посухҳои сареҳе додааст. Аммо ин дар ҳолест, ки дар маҷмуъ номзадҳо ба намояндагии мардум ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллии депутатҳо 14 нафар буда ва шумори ҳизбҳои сиёсӣ, ки дархости овоз доранд, панҷ ададро ташкил мекунад.
И. Ҷумъаев гуфт, дар бунгоҳи интихоботии рақами 920 -и маҳаллаи «Кӯл» кулли мардум рӯҳияи шоде доранд ва омода ҳастанд, ки ин маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи олӣ доир намоянд.
Шариф Халил,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.