Овули қазоқнишини «Чуруқ»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шароф Рашидови ноҳияи Шофиркон дар самти шимолӣ ва 110 километр дуртар аз маркази ноҳия дар оғӯши дашт воқеъ гардида, 42 хонадон ва қариб 270 нафар аҳолӣ дорад. Машғулияти асосии сокинони овул чорводорӣ ва қисман деҳқонӣ аст.
Солҳои 70-уми асри гузашта дар ин ҷо аввалин таълимгоҳ бо чӯбу тахта созмон ёфта, солҳои минбаъда мувофиқи лоиҳаи замонавӣ барои 40 нафар талаба мактаби нав бунёд гардидааст. Соли 2016 бошад, бинои иловагии таълимӣ барои 30 нафар ба истифода супорида шудааст. Дар овул шуъбаи боғчаи бачагонаи деҳаи Деҳқонободи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ш.Рашидов (дорои 90 ҷой) ва бунгоҳи тиббии «Чуруқ» амал мекунад.
Солҳои охир таълимгоҳи ҳудуд ба таъмири ҷиддӣ муҳтоҷ буд. Аз ин рӯ, ҳокимияти ноҳия бо мақсади пурра таъмир намудани мактаб 1,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо кард. Ҷараёни азнавсозии таълимгоҳро бинокорони ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Mega Abdulla Fayz story-2024» иҷро карданд. Дар натиҷа бинои нави замонавии мактаб, ки 90 нафар талабаро ба бар гирифта метавонад, тайёр гардид.
Дар маросими ба истифода супоридани бино ҳокими ноҳия Алишер Файзуллоев роҳбарони секторҳо, мутасаддиёни соҳа ва аҳолии овул иштирок карданд. Онҳо падару модарон ва ҷамоаи мактабро бо дастрасшавии бинои нави замонавӣ муборакбод намуда, дар соҳаи таълиму тарбия комёбиҳо орзу карданд.
Лентаи рамзӣ бурида шу-да, ҳозирон вориди мактаб шуданд.
Имрӯз дар мактаби қазо-қии 39-уми «Чуруқ» 25 нафар талабагон ба забони модарии худ таълиму тарбия мегиранд. 16 нафар омӯзгорони бомаҳорат (баъзеи онҳо соҳиби тоифаи олӣ ва сертификатҳои байналхалқианд) бо онҳо машғулият мегузаронанд.
Амрулло Авезов,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.