Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи барномаи рӯзи аввали сафари худ ба шаҳри Қазон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот анҷом дод.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Тотористон баррасӣ шуданд.
Натиҷаҳои амалии кооператсияи саноатии корхонаҳои пешқадам ва мубодилаи фаъолонаи гуманитарӣ дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд.
Дар бораи идомаи робитаҳои пуршиддат ва сафарҳои мутақобила, густариши фаъолияти минтақаҳои муштараки иқтисодӣ ва саноатӣ дар қаламрави Ӯзбекистон тавофуқ ҳосил шуд.