Агар барои барқарории табиати зинда дар олами ҳастӣ обу ҳавову хоку офтоби дурахшон лозим бошад, барои бо роҳи дониш рафтану соҳибмаърифат гардидан ва фаровонии зиндагии инсон омӯзгор нақши муҳим дорад.
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ.
Агар барои барқарории табиати зинда дар олами ҳастӣ обу ҳавову хоку офтоби дурахшон лозим бошад, барои бо роҳи дониш рафтану соҳибмаърифат гардидан ва фаровонии зиндагии инсон омӯзгор нақши муҳим дорад.
Омӯзгор. Зери ин мафҳум нафаре пеши назар меояд, ки ҳастии худро ба омӯзонидани дигарон бахшидаасту наврасонро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Беҳуда омӯзгорро чароғи ақлу нури маърифат, рӯзгору машъали хирад нагуфтаанд. Давлату хушбахтии омӯзгор ин таълиму тарбияи шогирдон мебошад. Ӯ аз пешрафт ва комёбии онҳо хушнуд ва ифтихор мекунад. Дар роҳи донишомӯзии шогирдон аз волидони онҳо дида бештар заҳмат мекашад. Кори таълиму тарбияи кӯдакону наврасон кори осон нест, он масъулияти бештарро тақозо дорад, омӯзиш, ҷустуҷӯйи доимиро талаб мекунад. Ба ин маънӣ Ибни Ямин фармудааст:
То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Омӯзгор бо кӯдакону наврасон сару кор дорад. Онҳо шабеҳ ба навниҳоланд. Тарбияву таълими наврасон аз омӯзгор маҳорат ва дониши васеъ тақозо дорад. Кори омӯзгорӣ иштибоҳро намебахшад. Пояндагии миллат, рушду нумӯи кишвар аз дуруст ба роҳ мондани кори таълиму тарбия вобаста аст. Ҳини суҳбат Тангир Раҳмонов далели аҷиберо ёдрас намуд:
– Дар пештоқи Донишгоҳи Стелланбос дар Африқои Ҷанубӣ лавҳае овезон аст: «Барои маҳв кардани миллат бомбаи атомӣ ва ё мушакҳои дурпарвозкунанда лозим нест. Танҳо сифати таълимро паст карда, ба рӯйбардорӣ аз дафтар иҷозат диҳед кифоя.
Дар натиҷа: Беморон аз дасти чунин духтурон мемиранд; биноҳо аз дасти чунин меъморону муҳандисон фурӯ мераванд; маблағҳо аз дасти чунин иқтисодчиёну муҳосибон ба бод меравад; адолат аз дасти чунин қозиҳо нест мешавад; пастии таълим – маҳви миллат аст».
Имрӯз дар роҳи пуршарафи омӯзгорӣ нафарони зиёде паси кор мебошанд, ки бо фаъолияти пурсамари хеш шогирдони зиёдеро ба роҳи дониш раҳнамоӣ месозанд. Яке аз чунин омӯзгорон омӯзгори мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Тангир Раҳмонов мебошад.
Тангир пас аз хатми факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар мактаби зодгоҳ ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуд. Ба шогирдон аз кимиё сабақ медиҳад. Меҳру муҳаббат ба касб ва дарки масъулият буд, ки миёни ҷамоа дорои ҷойгоҳи махсус мебошад. Қаҳрамони мо омӯзгорест, ки мӯйи сараш дар ин ҷода ба сафедӣ омада.
Фаъолияти пурсамар ва ташкилотчигии Тангир буд, ки соли 2019 директори мактаби рақами 30 таъин гардид. Ҳар гоҳ шогирдонаш дар роҳи дониш ба дастоварде ноил мешаванд, ӯ хушҳол мегардад, аз ин ки дар рушди малакаи зеҳнии наврасону ҷавонон саҳм гузоштааст. Фахр дорад бо шогирдонаш.
Ӯ ифтихор дорад, ки мактаби рақами 30 ҷамоаи аҳлу солим дорад. Сад андар сад омӯзгорон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Ифтихор дорад аз омӯзгорони соҳибтаҷриба чун Абдураҳмон Раҳимов, Дилмурод Қӯзиев ва Султон Султонов ва омӯзгорони ҷавон Ғиёс Зайнуддинов, Раҳим Набиев, Фахриддин ва Нуриддин Нурназаровҳо, ки имрӯз дар паҳлуи устодони худ сарбаландона дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегиранд.
Имрӯз мактаби рақами 30, ки таълим ба забони тоҷикӣ пеш бурда мешавад, байни мактабҳои но-ҳия дар ҳама ҷабҳаҳои таълиму тарбия тибқи рейтинг яке аз мақомҳои аввалро ишғол намудааст. Се соли охир аст, хатмкунандагони мактаб 100 фоиз ба донишгоҳҳо дохил шуда истодаанд. Соли равон низ 12 нафар хатмкунандагони мактаб ба донишгоҳҳо дохил шуданд. Шукрона Суярқулова, Гулфина Акрамова, Ҳусин Саидов, Озод Муҳаммадов, Руфина Нурназарова ва дигарон ба унвони мубораки донишҷӯ сазовор гардиданд.
Бисёр дастпарварони собиқи мактаб дар ҷабҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ самаранок кор карда, ба обрӯ ва эътибор сазовор шудаанд. Ҳамдеҳагон бо доктори илмҳои техникӣ Ҷовиди Эгамзод, муҳандисони барномасоз Баҳриддин Бозоров, Манучеҳр Раҳмонов, Манучеҳри Султон, духтури кӯдакон Шӯҳрат Субҳонов, соҳибкорон Эгам Эгамов, Шоҳрӯз Субҳонов ва чандин нафари дигар, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳм мегиранд, ифтихор доранд. Ифтихор доранд, ки имрӯз чун Аваз Муҳаммадов, Хушнуд Раҳимов, Нафиса ва Интизор Раҳмоноваҳо, Умедҷон Зайнуддинов, Амриддин Нуруллоев ва даҳҳо нафари дигар дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд.
– Дар дастгоҳи кории омӯзгор чӯбу оҳан не, балки одам сайқал меёбад. Маҳз туфайли даву този роҳбари мактаб бинои кӯҳнаи бо роҳи ҳашар бунёдгардидаи мактаб аз нав пурра таъмир шуд. Коргоҳи омӯзгорон имрӯз бо техникаву технологияи замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Албатта, ҷое, ки кор ҳаст, норасоӣ ҳам мешавад, – мегӯяд роҳбари мактаб Т. Раҳмонов. – Аз сабаби набудани баъзе факултаҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мутахассисони баъзе фанҳои таълимӣ намерасанд, чун омӯзгорони таърих, мусиқӣ ва ҳоказо. Дар панҷ мактаби таълимаш ба забони тоҷикии ноҳия аз фанҳои номбурда асосан омӯзгорони аз маҳаллаҳои дигар омада ба забони давлатӣ таълим медиҳанд. Дар факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд гурӯҳи тоҷикӣ боз шуда буд, аз чӣ бошад онро пӯшониданд. Як нафар хатмкардаи мактаби мо он ҷо таҳсил мегирад. Ин омилҳо ба фаъолияти минбаъдаи мактабҳои миллӣ бетаъсир нахоҳад монд.
Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
хабарнигори
ҷамоатии «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.