ТУҲФАИ УСТОД

Устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, муаллифи асарҳои илмӣ ва таълимӣ Абдуваҳҳоб Воҳидов дар арафаи мавлуди хеш сазовори туҳфаи аҷиб шуд. Асари тозанашри ӯ «Луғати мухтасари фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд» дастраси мухлисон, донишҷӯёну ҳаводорони соҳа гардид.

Дар китоби мазкур панҷ ҳазору сесаду бисту ду воҳиди фразеологӣ аз лаҳҷаҳои мардуми тоҷики шаҳри бостонӣ ва атрофи он гирд оварда шудаанд. Тавре ки дар сарсухан таъкид мегардад, дар мураттаб сохтани асари мазкур аз мақола, рисолаҳои тадқиқотӣ ва китобҳои илмии олимон Расул Ҳодизода, Баҳром Шермуҳаммадов, Рауф Маъруфӣ, Абдунабӣ Зоҳидов ва дигарон истифода шудааст. Бояд гуфт, ки дар асарҳои нависандагони шинохтаи тоҷик Абдусалом Деҳотӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Болта Ортиқов, Адаш Истад, ки фарзандони фарзонаи шаҳри бостонӣ ҳастанд, ба воҳидҳои фразеологии лаҳҷавии зиёде дучор мешавем, ки адибон ба хотири фардӣ кунонидани гуфтори қаҳрамонони асарҳои худ истифода бурдаанд.

Масалан, агар ибораҳои «бӯ баровардан» (дар арафаи маросимҳои динӣ пухтани чалпак ё бӯғурсоқ), «гӯш ба қимор шудан» (ба шунидани хабаре ҳозир будан) ва монанди инҳо ба қалами Абдусалом Деҳотӣ мансуб бошад, «чӯт надидан» (бефоида будан), «ҷавоби нимғурма» (ҷавоб, посухи ноаниқ), «Худо зиёд дидан» (маҳрум шудан, бенасиб гардидан) дар асарҳои Фотеҳ Ниёзӣ, «шиғил андохта» (ҳосили ниҳоят фаровони дарахтони меванок), «каттагӣ кардан» (калонгирӣ кардан), «моли асил» (чизи хуб), «одами қайсар» (одами якроҳа, гарданшах) дар навиштаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, «сарам-дилам» (сарсарӣ, мувофиқи табъ набудан), «дандон ба дандон мондан» (аз ноилоҷӣ сабру тоқат карда нишастан), «афту дарафт кардан» (ҷангу ҷидол кардан) ва амсоли инҳо дар осори Болта Ортиқов ба мушоҳида мерасанд.

Хулоса, олами фразеологии лаҳҷаи тоҷикони Самарқанд баҳри беканор аст ва чӣ қадаре ба қаъри он фурӯ равед, ҳамон қадар дурру гавҳарҳои нав ба навро метавонед пайдо кард.

– Камина аз олимон, профессорон Садрӣ Саъдиев, Дилмурод Ҳомидов, Гулноза Адашуллоева ва дигарон, ки бо маслиҳати судманд баҳри ҳарчӣ пурратар шудани луғат ва дурусту саҳеҳтар тафсир ёфтани воҳидҳои фразеологии лаҳҷавӣ кумаки беминнати хешро дареғ надоштанд, бағоят сипосгузорам, – мегӯяд Абдуваҳҳоб Воҳидов.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки номбурда нахустмуаллифи «Дастури забони тоҷикӣ барои синфҳои 1-4», китоби дарсии «Забони модарӣ» барои синфҳои як ва дуюм ва муаллифи беш аз 15 дастури таълимиву услубӣ мебошад.

Воҳидов бо сафарҳои хидматӣ ва эҷодӣ дар Русия, Олмон, қитъаи Амрико, Бритониёи Кабир, Ҳиндустон, Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва ғайра шудааст. Беш аз 15 сол вазифаи раиси маркази милливу фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқандро дар ӯҳда дошт.

Вай бо ордени «Дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва як қатор нишонҳои сарисинагии кишварамон мукофотонида шудааст.

Мо Воҳидовро бо китоби нав табрик гуфта, ба устод комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

 

Баҳодури Зоҳир,

хабарнигори ҷамоатии 

«Овози тоҷик».

Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: