Мувофиқи Низом “Дар бораи тартиби ба хориҷа рафтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон” барои ба хориҷа баромадан қоидаҳои муайян амал мекунад.
Агар шахс аз бонк кредит гирифтаву пардохтро сари вақт анҷом дода бошад, барои ба хориҷи кишвар рафтани ӯ маҳдудият вуҷуд надорад. Иҷрои дурусти шартҳои кредит ба ҳуқуқи рафтан ба хориҷа таъсир намерасонад.
Аммо, агар қарздорӣ аз кредит ба суд пешниҳод ва дар асоси қарори суд ба иҷро шуда бошад, барои ба хориҷ баромадан маҳдудият гузошта мешавад. Дар ин ҳолат то қарздорӣ пардохт нашавад, берун рафтан аз кишвар манъ мегардад.
Маҳдудиятро чӣ хел бояд тафтиш кард?
Вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудиятро барои ба хориҷа баромадан тавассути портали ягонаи интерактивии давлатии хизматрасонӣ (ПЯИДХ) ба тарзи онлайн тафтиш кардан мумкин аст. Система маълумотро дар бораи қарздорӣ ба таври автоматӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷроӣ ройгон пешниҳод мекунад.
Марҳилаҳои истифода аз хидмат:
– вориди шабакаи My.gov.uz гардида, сабти ном кунед ё агар шумо аллакай сабти ном шуда бошед, аз авторизатсия гузаред.
– ба бахши "Fuqarolik" даромада, хидмати "Xorijga chiqishga vaqtinchalik cheklov qo‘yilganligini tekshirish"-ро интихоб кунед.
– тугмаи "Xizmatdan foydalanish"-ро пахш намоед.
– дар хоначаҳои мувофиқ серияи шиноснома, рақами индентификатсионии шахсии шахси ҷисмониро ворид кунед ва тугмаи ирсолро пахш кунед.
– ҷавоб фавран дар экран пайдо мешавад.
Агар дар натиҷаи пурсиш навиштаи "Аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷро қарздорӣ нест. Барои аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба хориҷ баромадан ягон маҳдудият муайян нагардид" пайдо шавад, барои рафтан ба хориҷа монеае нест.