Дар иртибот ба сӯиқасд дар Қибрай боз се гумонбари дигар боздошт шуданд

Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ бинобар парвандаи ҷиноии марбут ба сӯиқасд дар Қибрай амалиёти пурсуҷӯ пеш бурда мешавад.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва кофтукови фаврӣ боз се нафари ба даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят гумонбар муайян ва дастгир карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябри соли равон дар ноҳияи Қибрай ба сӯи нақлиёти автомобилии русуми “Range Rover”-и шаҳрванд С.С. 2 нафар шахси номаълум аз силоҳи оташфишонӣ чанд маротиба тир холӣ карда, қасди куштор карда, ба самти номаълум фирор кардааст  ва як нафари дар ин қазия гумонбар дастгир шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: