Ойбек Усмонов сафири Ӯзбекистон дар Афғонистон таъин гардид.
Ба иттилои АИ “Дунё” Усмонов Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон)-ро бо ихтисоси филология ва шарқшинос хатм кардааст. Давоми солҳои 2020 - 2024 ба ҳайси сафири Ӯзбекистон дар Покистон кор кардааст.
Ойбек Усмонов аз соли 1998 дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият мекунад ва дар дастгоҳи марказӣ, инчунин дар намояндагиҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.
Пеш аз ин ӯ ҳамчун сафир дар Миср ва Покистон ва солҳои 2011—2012 ба ҳайси муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон фаъолият кардааст. Забонҳои пушту, дарӣ ва англисиро мукаммал медонад.
Ойбек Усмонов ба ҷойи Ёдгорхўҷа Шодманов, ки тӯли солҳои 2012-2024 дар Кобул ба ҳайси сафир кор кардааст, таъин гардид.