29 октябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории инсулт ё сактаи майна муқаррар шудааст. Ба иттилои мутахассисон, солҳои охир теъдоди беморони системаи дилу раг ба таври назаррас зиёд шудааст.
Тибқи нишондиҳандаҳои омории Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 миллион нафар одамон ба сактаи мағзӣ гирифтор мешаванд, ки 90 фоизи ҳолатҳои сактаи мағзиро пешгирӣ кардан мумкин аст. Бемории сактаи мағзи сар — ин вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар буда, бо аломатҳои норасоии неврологии қитъавӣ пайдо мегардад.
Сактаи майнаи сар яке бемориҳои саросарии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Нишонаи ин беморӣ инҳоянд: гардиши заифи хун ва басташавии рагҳои хунгард (атеросклероз, тромбоз).
Бемории сактаи мағзи сар ду намуд мешавад: камхунӣ ва хунрезӣ. Агар қаблан ба бемории сактаи мағзи сар шахсони 55-60-сола гирифтор мешуданд, ҳоло ба он одамони синни қобили меҳнат (25-50-сола) мубтало мешаванд.
Ба ақидаи мутахассиси соҳаи тиб, ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо бо кумаки саривақтӣ метавон ҳар гуна ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намуд. Аз ин хотир бояд тавсияҳои аввалиндараҷаро ҳар нафар донад. Пеш аз ҳама, ёрии таъҷилиро даъват намудан зарур аст. То ҳозир шудани пизишкон дар зери сари бемор болиштҳои баланд гузоштан лозим аст. Инчунин тирезаҳои хонаро кушода монда, либосҳои танги беморро кашида, гиребон ва миёнбанди ӯро кушодтар намудан муфид аст. Зарур аст, ки фишори беморро санҷида, ҳангоми аз меъёр боло будани он ба бемор доруҳои зидди фишорбаландӣ ва доруҳои оромбахшанда диҳанд. Ҳамзамон маҳси дил низ дар ҳолати баланд шудани таппиши дил ба бемор кумак намуда метавонад.