БА ТАҒЙИРОТИ МУСБАТ ВА ИСЛОҲОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАҲОИ БАЛАНД ДОДА ШУД

Ҳайат бо сардории Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев ба Сенати Олий Маҷлис ташриф овард.

С. Лебедев дар мулоқот бо раиси Сенат Танзила Нарбоева таъкид кард, ки рӯйдоди муҳими сиёсие, ки дар кишвари мо ба вуқӯъ пайваст, интихоботи парлумонӣ шаффоф, одилона ва комилан мувофиқи принсипҳои демократӣ гузашт.

Меҳмонон инчунин ба тағйироту ислоҳоти васеъмиқёс дар қонунгузорӣ, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон амалӣ мегардад, баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки ҷумҳурӣ дар доираи ИДМ ташаббус нишон дода, бо кишварҳои узви ин созмон муколамаи фаъол дорад. Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

* * *

Дар Сенат инчунин бо намояндагони ҳайати вакилони парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сарварии сардори гурӯҳи дӯстии «Покистону Ӯзбекистон» Сармад Алӣ мулоқот барпо гардид.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии президентҳои Ӯзбекистону Покистон муносибатҳои кишварҳо пайваста таҳкиму густариш меёбанд ва робитаҳои байнипарлумонӣ дар рушди шарикии стратегӣ нақши муҳим доранд.

Ба масъалаҳои муҳим, аз қабили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар баробари ин, оид ба баланд бардоштани самаранокии гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин ба роҳ мондани назорати муштараки парлумонӣ аз болои иҷрои саривақтӣ ва босифати созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, табодули афкор сурат гирифт.

 

Норгул АБДУРАИМОВА,

мухбири  ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: