Дар ин рӯзҳо дар анорзорҳои ноҳияи Қуваи вилояти Фарғона ғунучини ҳосил дар авҷ аст. Як қисми ҳосил ба бозори дохилӣ, қисми дигараш содир мешавад.
Айни замон ҳосили боқимонда барои мавсими зимистону баҳор ба яхдони анборҳо ҷойгир карда мешавад.
– Дар чаҳор гектар майдоне, ки дар тасарруф дорем, анорҳои навъи харидоргир ва экспортбоби «Қаюм», «Ширини Озарбойҷон», «Турши Олтиариқ» парвариш менамоем, – мегӯяд роҳбари хоҷагии фермерии «Насимхон Моҳинур барака»-и ноҳияи Қува Акрамҷон Сулаймонов. – Ҳосили имсола боз ҳам бобаракат омад. Ният дорем ба давлатҳои ҳамсоя ва Русия 40 тонна анор экспорт намоем.
Дар сурат: дар хоҷагии фермерии «Насимхон Моҳинур барака».
Суратгир: М.Қодиров (ӮзА).