ӮЗБЕКИСТОН БО РОҲИ ДЕМОКРАТИЯ БО СУРЪАТИ ХЕЛЕ ХУБ ПЕШ МЕРАВАД

27 октябр ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон интихобот баргузор гардид Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, ба палатаи поёнии парлумони кишварамон аз «Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон» 64 вакил ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» – 29 ва Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» – 21 нафар, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон – 20 нафар ва намояндагони Ҳизби экологӣ 16 нафар депутат интихоб шуданд.

Раванди овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии Ӯзбекистон аз нигоҳи нозирони байналмилалӣ

27 октябр ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ӯзбекистон интихобот баргузор гардид. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон, ба палатаи поёнии парлумони кишварамон аз «Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонон – Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон» 64 вакил ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» – 29 ва Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» – 21 нафар, Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон – 20 нафар ва намояндагони Ҳизби экологӣ 16 нафар депутат интихоб шуданд.

Раванди интихоботро беш аз 850 нозирони хориҷӣ ва байналмилалӣ назорат карданд.

Ба андешаи онҳо, омодагӣ ба интихобот дар сатҳи баланд буда, чорабинии сиёсӣ дар асоси тамоюлҳои ошкорбаёнӣ ва демократӣ сурат гирифт.

Раиси Пажӯҳишгоҳи стратегӣ ва байналмилалии Малайзия Моҳд Файз Абдуллоҳ:

– 27 октябр дар нимаи аввали рӯз ба чор ҳавзаи интихоботӣ рафтам. Алоҳида таъкид менамоям, ки дар ин ҷо рушди хеле солими демократияро мебинам. Намояндагони комиссияи интихобот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, ки шаффофияти фаъолияти худро таъмин намоянд.

Баҳои умумии равандҳо – демократияи нав ва тадриҷан ба сӯи он пеш рафтан аст. Ӯзбекистон бо ин роҳ бо суръати хеле хуб пеш рафта истодааст. Чунин пешравиҳо низ далели он аст, ки он заминаи мустаҳкам дорад.

Як ҷиҳати дигарро таъкид кардан лозим аст. Дар ин кор шаҳрвандон хеле фаъолона иштирок мекунанд. Дар равандҳо на танҳо сокинони Ӯзбекистон, балки шаҳрвандони дар хориҷа қарордоштаи Ӯзбекистон низ муташаккилона иштирок мекунанд. Вақте ки ман баъзе аз вебсайтҳои бонуфузро мушоҳида  кардам, дидам, ки одамон дар назди сафорати Ӯзбекистон дар Маскав дар навбатҳои тӯлонӣ истода, овоз медиҳанд. Ин далели он аст, ки онҳо ба рӯйдодҳои сиёсии кишварашон бефарқ нестанд.

Директори генералии нашрияи электронии ахбори «Neprass» Интесар Абдулло:

– Дар як қатор конфронс дар Ӯзбекистон ширкат доштам, вале бори аввал раванди интихоботро мушоҳида мекунам. Он чизе, ки маро бештар ба ҳайрат овард, ҷорӣ шудани системаи интихоботи электронӣ дар Ӯзбекистон буд.

Ман ин низоми навро як имконияти хуб барои шаҳрвандон ва намунаи равшани шаффофият дар демократия медонам. Аз дидани шароите, ки дар қитъаҳои интихоботие, ки рафта будам, хеле шод шудам.

Дар ин ҷо бояд гуфт, ки дар якчанд мактабҳои давлатӣ ҳавзакаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд. Вақте ки ман ин мактабҳоро дидам, ҳайрон шудам, ки онҳо мисли мактабҳои хусусӣ замонавӣ ҳастанд.

Ман низ дар мубоҳисаҳои интихоботӣ ширкат доштам ва имкон пайдо кардам, ки муколама ва баҳсҳои ҷолибро мушоҳида кунам.

Аъзои сенати Покистон Сармад Алӣ:

– Боиси хушнудист, ки равандҳои интихоботи парлумонии Ӯзбекистон бо ширкати беш аз 800 нозири байналмилалӣ аз манотиқи мухталифи ҷаҳон сурат гирифт. Ин худ аз ошкорбаёнии ҳукумат шаҳодат медиҳад. Вақте ки ман бо дигар нозирони байналхалқӣ суҳбат кардам, онҳо низ ҳамин нуқтаро баён карданд. Барои иштирокчиёни интихобот ва нозирон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Раиси Фонди дӯстии «Нидерландия-Ӯзбекистон» Далиа Олтунтепе:

– Бори чорум аст, ки дар интихоботи Ӯзбекистон ба ҳайси нозир иштирок мекунам. Ҳар дафъа шоҳиди дигаргуниҳои мусбат ҳам дар кишвар ва ҳам дар раванди интихобот мешавам. Аз дидани он, ки дар кӯчаҳои шаҳр маъракаҳои таблиғотӣ бо баннерҳо оғоз мешаванд, хеле ҳайрон шудам. Ин раванди овоздиҳиро зиндатар мекунад, зеро мардум онҳоро ҳамарӯза мебинанд ва имкони шинохти чеҳраи номзадҳоро доранд.

Ҷанбаи дигари муҳим ин аст, ки  шоҳиди таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон будам. Гап дар сари он аст, ки мубоҳисаи номзадҳо дар телевизион намоиш дода мешуд ва дар ҳақиқат масъалаҳо хеле пурҷӯшу хуруш ва ҷиддӣ муҳокима мешуданд. Ин  ҳам аз он далолат медиҳад, ки  раванди интихоботӣ дар Ӯзбекистон  фаъол мегардад.

Ҳангоми боздид аз чанд қитъаи интихоботӣ дидам, ки системаи рақамии овоздиҳӣ вуҷуд дорад. Ин на танҳо раванди овоздиҳиро осон ва оптимизатсия мекунад, балки шаффофияти онро низ таъмин мекунад.

Таваҷҷуҳи баланди насли наврас ба ин раванд шоистаи эътироф аст. Ҷанбаи дигаре, ки ман хеле қадр мекунам, ин аст, ки квотаи занон набояд аз 40 дарсад камтар бошад.

Бо назардошти вазъият ва равандҳои умумӣ метавонам бигӯям, ки равандҳои интихоботӣ дар Ӯзбекистон аз меъёрҳои ҷаҳонӣ пеш гузаштаанд. Аз ин лиҳоз, фикр мекунам, ки Ӯзбекистон дар роҳи табдил шудан ба кишваре, ки метавонад барои кишварҳои аврупоӣ ё ғарбӣ намуна шавад, қадами хеле хубе мегузорад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: