"РИА Новости" бо истинод ба мушовири Президенти Фаластин Маҳмуд Ал-Ҳабаш, навиштааст, ки Исроил дар сектори Ғазза аз "фосфори сафед" истифода кардааст ва далелҳо ба Суди байналмилалии ҷиноӣ (ICC) пешниҳод шудаанд.
Ал-Ҳабаш дар нишасти 16-уми сарони БРИКС дар Қазон гуфт: –Далелҳои ҳуҷҷатӣ ва маълумоте, ки даст доштани Исроил дар қонуншиканиҳо дар навори Ғазза, ҷиноятҳои ҷангӣ ва наслкуширо тасдиқ мекунанд, тақдим карда шуданд, – аз ҷумла, яроқу аслиҳаи дар сатҳи байналхалқӣ манъшуда, махсусан фосфори сафед ба кор бурда шудааст.
Дар моҳи май, прокурори СБҶ Карим Хон гуфт, ки вай аз палатаи тосудӣ дархост кардааст, ки Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва вазири дифо Йоав Галантро ҳабс кунанд. Исроил ин иттиҳомро рад мекунад ва аз ҳамкорӣ бо СБҶ саркашӣ мекунад.