Хабаргузории “Bloomberg” хабар дод, ки нархи фючерсии як баррел нафти тамғаи Брент аз 73 доллар поин рафта, нархи тамғаи WTI ҳудуди 68 доллар муқаррар шудааст.
Нархи "тиллои сиёҳ" пас аз ҳамлаи Исроил ба нишонҳо дар Эрон беш аз 5 дарсад поин рафта, дурнамои коҳиши ҷанг дар минтақаро афзоиш додааст.
Рӯзи шанбе ҳавопаймоҳои Исроил ба иншооти низомии Эрон ҳамла карданд. Ба як катор базаҳои ҳарбии Теҳрон зарба зада шуд. Ин иқдом дар посух ба ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил дар авоили моҳи ҷорӣ буд. Бинобар ин, гуфта мешавад, ки миқёси ҳамла аз пешбинишуда хеле камтар аст.