БОРИ АВВАЛ ОЗМУНИ “АЗ ПАЙИ ҶАДИДОН” ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Имрӯз дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бо ташаббуси Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бахшида ба раванди ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Аз пайи ҷадидон” нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.

Муовини вазири таълими томактабӣ ва мактабӣ Фарҳод Боқиев, намояндагони Осорхонаи давлатии адабиёт ба номи Алишер Навоӣ, Осорхонаи давлатии ёдбуди қурбониёни таъбид, вакилони лоиҳаи “Мутолиа”-и Агентии кор бо ҷавонон иштирокдорони чорабинӣ буданд.

Дар оғоз Ф.Боқиев гуфт, ки ин озмун бо мақсади минбаъд ташаккул додани қобилияти фикрронии мустақилонаи хонандагон, тавассути тарғибу ташвиқи мероси ғании маънавии аҷдодон ҷалби васеи онҳо ба китобхонӣ, дар моҳҳои октябр-декабр соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

– Дар ин озмун, ки бори аввал доир мегардад, донишомӯзон тавассути сабти ном дар платформаи jadidlariziden.uz иштирок мекунанд, - гуфт Ф.Боқиев. – Бино ба ҳолати 30 октябр барои иштирок дар озмун 364 906 нафар хонандагон ариза супориданд. Озмун миёни хонандагони синфҳои 6-8 ва 9-10 ташкил гардида, 31 октябр зинаи шаҳриву ноҳиявии он оғоз шуд. Иштирокчиён дар ин марҳила аз рӯйи ду шарт – тест ва саволу ҷавоб рақобат карданд. 416 нафар хонандагоне, ки дар зинаи минтақавӣ ғолиб гардиданд, дар марҳилаи вилоятии озмун ширкат меварзанд.

Зикр гашт, ки бо мақсади ташкили пурсамари озмун ва ташаккули ифтихори миллӣ дар зеҳни хонандагон дар 10118 муассисаи таълимии давлатӣ таъсиси клубҳои “Аз пайи ҷадидон” дар назар аст. То ҳол ба сифати таҷриба дар ҳар 208 шаҳру ноҳия чунин клубҳо таъсис ёфтанд.

Ёдовар мекунем, ки 12-23 ноябр гузаронидани марҳилаи вилоятии озмун ва дар моҳи декабр зинаи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар анҷом ба 14 нафар донишомӯзе, ки ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд ва фаъол иштирок мекунанд, роҳхати сафари таълимӣ ба кишварҳои хориҷӣ тақдим мегардад.
Д.АЗИЗОВ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: