Мувофиқи маълумоти Агентии омор, бино ба ҳолати 1 октябри соли 2024 шумораи аҳолии доимии Ӯзбекистон 37,4 миллион нафарро ташкил кардааст.
Дар ин бора Агентии омор хабар дод.
Аз рӯйи маълумоти манбаъ аҳолии доимии Ӯзбекистонро 18 545 900 нафар занон ва 18 809 500 нафар мардон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумот бино ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ дар шумораи аҳолии доимӣ шумораи мардон нисбат ба занон 263 600 нафар зиёд аст.