Дар ин бора дар рафти брифинге, ки дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавӣ бахшида ба корҳои рақамисозӣ дар соҳаи беҳдошт ва эпидемиология гузаронида шуд, котиби матбуоти Кумитаи осоиштагии санитариву эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатӣ Мафтуна Саидова гуфт.
Таъкид кард, ки барои ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли маълумот тавассути системаи анъанавии табодули ахбор аз 12 то 48 соат вақт лозим аст. Як бемори гирифтори бемории сироятӣ дар ин муддат камаш бо 2-3 нафари солим мулоқот мекунад, ки дар натиҷа зарурати таҳти назорати тиббӣ қарор додани одамони солим дар давраи ниҳонии беморӣ ва андешидани чораҳои карантинӣ ба миён меояд.
“Дар мониторинги электронии бемориҳои сироятӣ зуд ва босифат расонидани ахборро таъмин мекунад ва ин барои сари вақт бартараф ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии хатарноки сироятӣ хидмат мекунад”, - гуфт Мафтуна Саидова.
Инчунин, таъкид гардид, ки системаи идоракунии логистикаи электронии ваксина роҳандозӣ шудааст. Он имкон медиҳад, ки интиқоли ваксинаҳо ба минтақаҳо, аз вилоятҳо ба ноҳияҳо ва аз ноҳияҳо ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо риояи сифат назорат карда шавад.
Тавассути системаи дигари электронӣ — Системаи иттилоотии лабораторӣ маълумотро дар бораи беморон вобаста ба синну сол ва ҷинсашон мониторинг мекунад.
Афзалиятҳо:
Аз баҳри коғаз мебароянд;
— паҳн шудани маълумот пешгирӣ карда мешавад;
— мўҳлати аз рўзи ба муоина омадани намуна то вақти баромадани ҷавоб кам мешавад;
— ҷавоб тезтар тақдим мегардад.