Мақоли ҳазорсолае, ки аз ниёгон боқӣ мондааст, имрӯз нисбат ба ҳарвақта аҳамияти бештар пайдо кардааст. Яъне, агар дар ҳаво чанг намебуд, инсон метавонист ҳазор сол умр бинад.
Чанг ин зарраҳои хурд дар таркиби ҳаво мебошад. Он аз ҳама модда ва ҷисмҳо ҷудо шуда, азбаски ба чашм аёну ноаён аст, сохтори сахт дорад. Аз ин рӯ, он барои кулли мавҷудоте, ки бо оксиген зиндагӣ мекунанд, зараровар мебошад.
Пештар моддаҳое, ки ҳаворо олуда мекарданд, асосан органикӣ буданд. Ин моддаҳо аз худи табиат — наботот, ҳайвонот ва дигар организмҳои зинда мебаромаданд. Имрӯз дар ҷаҳон саноат ва дигар соҳаҳо сол то сол ривоҷ меёбад. Ин дар навбати худ, ба табиат таъсир мерасонад. Акнун дар ҳаво заррачаҳои ғайриорганикӣ, яъне зарраҳое, ки аз моддаҳои гуногуни сахт, маъдан ва металлҳо ихроҷ мешаванд, меафзоянд.
Ҳолати афзудани сатҳи олудагии ҳаво ва бадтар гардидани вазъи экологӣ, барои Ӯзбекистон низ бегона нест. Ин ҳама, тавре дар боло гуфта шуд, дар натиҷаи омилҳои табиӣ, саноат, нақлиёт ва партовҳои маишӣ ба амал меоянд. Ба ин масъала масъулон беэътиборӣ намекунанд ва дар ҳадди имкон чораҳои гуногун андешида мешаванд.
Бахусус, Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 сентябр «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷаи мубориза бо тӯфони чанг ва беҳсозии сифати ҳавои атмосфера» ба имзо расид.
Дар асоси ин ҳуҷҷат чорабиниҳое, ки аз рӯйи беҳсозии ҳавои атмосфера иҷро мешаванд, муқаррар гардиданд. Аз ҷумла, Барномаи миллӣ бобати мубориза бо тӯфони чанг ва кам кардани оқибатҳои онҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои солҳои 2024-2030 пешбинӣ шудааст, тасдиқ ва дар доираи ин барнома як қатор самтҳои муҳим муайян карда шуд.
Дар барнома ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам дар пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои чангу бӯронҳо ва васеъ намудани рӯпӯшҳои сабз дар минтақаҳо чун вазифаи аввалиндараҷа муайян гардидааст.
Аз рӯйи рафъи зарраҳои чангу қум дар майдонҳои бинокорӣ низ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд.
– Дар қарор такмил додани низоми пешгӯӣ ва мониторинги тӯфонҳои чанг дар солҳои 2025-2028 пешбинӣ шудааст, – мегӯяд иқлимшинос, доктори фалсафа аз рӯйи фанҳои ҷуғрофия Эркин Абдулаҳатов. – Ин низом имкон медиҳад, ки офатҳои табииро пешгӯӣ намуда, аҳолӣ сари вақт огоҳ карда шавад. Ба миён гузошта шудани вазифаи пурзӯрсозии таълими экологӣ бошад, баробари афзунсозии дониши аҳолӣ, барои иштироки фаъол дар равандҳои экологӣ водор менамояд. Ин чорабиниҳо дар таъмини рушди устувори Ӯзбекистон ва барои ба наслҳои оянда боқӣ мондани муҳити зисти тоза ва солим аҳамияти калон доранд.
Ҳоло дар мониторинги сифати ҳаво технологияҳои муосир, бахусус, таҷҳизоти статсионарии автоматии замонавӣ истифода мешавад. Дар он дар ҳар даҳ дақиқа таҳлили сатҳи сифати ҳаво гузаронида мешавад. Инчунин, бо дастгирии Бунёди «Замин» Агентии хидмати гидрометеорология дар марказҳои ҳар як вилояти ҷумҳурӣ чунин постгоҳҳои статсионарӣ насб кард.
Тавассути платформаи дахлдор - monitoring.me-teo.uz ҳама метавонанд маълумоти ҳаррӯзаро дар бораи тағйирёбии сатҳи сифати ҳаво дар шаҳрҳо нисбат ба стандарти иҷозатдодашуда мушоҳида кунанд. Бо қарори нав доираи чунин лоиҳаҳо хеле васеъ хоҳад шуд.
Пӯшида нест, ки гоҳ-гоҳ пойтахти мо аз рӯйи сатҳи олудагии ҳаво дар байни шаҳрҳои бузурги ҷаҳон «пешқадам» мешавад. Минбаъд ба ҳалли ин масъала диққати махсус медиҳанд.
Аз ҷумла, аз 1 январи соли оянда насби стансияҳои хурди автоматӣ барои мониторинг дар дувоздаҳ ноҳияи шаҳри Тошканд оғоз мешавад. Аз аввали соли 2026 бо мақсади ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва намояндагони ҷамъиятӣ расонидани маълумоти боваринок дар бораи сифати ҳавои атмосфера, дар мониторҳои махсуси шаҳр маълумотҳоро оид ба сатҳи олудашавии ҳавои атмосфера мунтазам эълон мекунанд.
Коршиносон сабаби олуда шудани ҳавои шаҳри Тошкандро бо навъи сӯзишворӣ, ки дар корхонаҳои гармидиҳӣ ва истеҳсоли неруи барқ истифода мешавад, низ вобаста медонанд. Бо назардошти ин ҷиҳат, аз соли 2030 сар карда, ба чунин корхонаҳое, ки дар минтақаҳои пойтахт ва вилоятҳои ҳамшафати он фаъолият доранд, истифодаи мазут ба сифати сӯзишворӣ манъ мегардад.
Дар беш аз ҳазор гармхонаҳое, ки дар ноҳияҳои ҳамшафати шаҳри Тошканд ҷойгиранд, барои кам кардани таъсири манфии ангишти истифодашаванда чораҳо андешида мешавад. Барои ин дар онҳо таҷҳизоти тозакунандаи чангу газ насб мекунанд. Албатта, барои ин аз соҳибкорон маблағ талаб карда мешавад. Аз ин рӯ, барои гузоштани таҷҳизот механизми ҷудо кардани субсидия ба хоҷагиҳои гармхонаҳо роҳандозӣ мегардад.
Дарахтон шуши табиат мебошанд. Солҳои охир дар мамлакатамон зиёд кардани майдонҳои сабз ба ҳаракати умуммиллӣ табдил ёфт. Дар қарор ба ҳаракатҳо дар ин самт эътибори алоҳида дода шудааст. Дар ин ҷода корҳои шоёни таҳсин сар мешавад. Барномаи бунёди «камарбанди сабз» ва «боғҳои сабз» дар шаҳри Тошканд ва минтақаҳои ба он пайвастаи вилояти Тошканд дар давоми солҳои 2025-2030 таҳия мегардад.
Хурсандиовар аст, ки талошҳо бобати ҳалли мушкилоти бузурге, ки аз паси зарраҳои ба чашм ноаён ба миён меоянд, ба зинаи нав мебарояд. Барои самарабахш гардидани ин корҳо ҳамаи мо бояд бобати дӯст доштан ва ҳифз намудани табиат якдилу муттаҳид бошем.
Марҳабо ҲОҶИАКБАРОВА,
мухбири ӮзА.