Хоҷагии фермерии «Турдӣ Ҷӯрақул» бист сол муқаддам аз ин арзи ҳастӣ намуда буд, ки он замонаҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо қадам ба қадам пеш мерафт ва барои раҳоӣ аз иллатҳои сохтори кӯҳна дар умури иқтисоду сиёсат талош меварзид.
Ҳоло «Турдӣ Ҷӯрақул» яке аз хоҷагиҳои фермерии муваффақ ва намунавӣ дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё буда, мунтазам ривоҷ меёбад ва ба рақобати ниҳоят шадиди байни истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии деҳот сарбаландона тоб овардаву дар бозорҳои минтақа мавқеъ пайдо мекунад. Роҳбарии онро марди кордону баномус Норқул Ҷӯрақулов дар ӯҳда дорад.
Н. Ҷӯрақулов дар оилаи марди деҳқони маҳаллӣ, ки дар деҳаи Бибиширин бо номи Турдӣ Ҷӯрақул маъруф буд, 2 феврали соли 1970 ба дунё омадааст. Оилаи муҳташами амаки Турдӣ ва холаи Норхол иборат аз нӯҳ писару духтар буданд ва Норқул дар байни онҳо бо зиракӣ тафовут мекард, пайваста дар такопӯ буд, ба кору бори рӯзгор бо дили гарм кумак мерасонд. Вай дар мактаб ҳам аз хонандагони пешқам маҳсуб меёфт, аммо меҳри замин дар дилаш бештар ҷой гирифта, ҳаёти минбаъди худро ба соҳаи пуршарафи кишоварзӣ бахшид. Аз хурдӣ дар бари падари деҳқонаш истода, нозукиҳои пешаи кишоварзиро омӯхт.
Деҳқонони Бойсун бештар ба таҷрибаҳои дар давоми солҳо андӯхтаи худ, ки зиёдтар ба вазъи тағйирёбии иқлим пайвандӣ доранд, такя меварзанд ва аз ин дидгоҳ амал мекунанд. Норқул ҳам аз қиблагоҳ ин усулро омӯхтаву минбаъд сармашқи корҳои деҳқонии худ қарор дод. Масалан, кӯҳи Фарҳоди Бойсун, ки дар пешорӯй чун девори баланде қад афрохтааст, ҳар сол ба деҳқонони музофот ояндаи солро чун оина бознамоӣ мекунад. Деҳқонон ба самти ин кӯҳи баланд назар андохтаву захираи барфро мушоҳида мекунанд ва корҳои деҳқонии худро ба нақша мегиранд. Дар ин кӯҳпоя як дараи жарфе ҳаст, ки деҳқонони музофот Баракат ном ниҳодаанд ва онро аз барф лаболаб бинанд, бо дили пур ҳар намуди маҳсулотро кишт месозанд. Зеро фаровонии оби ҷӯйборҳои таҳдашт аз ин барфхона вобаста мебошад. Чунин усулҳоро деҳқонони бойсунӣ солҳои сол истифода мекунанд ва маълум мегардад, ки дар рӯзгори мо низ аз фоида холӣ нест. Норқул Фермер ҳарчанд корҳои хоҷагии худро ҳамқадами замона пеш бурдаву аз илми пешқадами соҳаи хоҷагии қишлоқ алоқадри ҳол истифода мекунад, боз ҳам ба таҷрибаи деҳқонони гузашта такя карда, ҳар қадами худро дониста мегузорад. Хоҷагии фермерии ӯ ҳамагӣ дорои 20 гектар замини ҳосилхез буда, як замонҳо шомили киштзору боғзорони хоҷагии давлатии «Работ» маҳсуб меёфт. Ин боғи ангурзор ҳосили фаровоне медод ва сифати маҳсулоташ дар музофот машҳур буд. Баъд аз он ки кишвари мо мустақил шуд, як муддат мулки давлатӣ аз ҷониби баъзе ашхоси кӯрдил тороҷ ёфт. Заминҳо бесоҳиб монда, боғзорони мудом серҳосил оҳиста-оҳиста шукуҳи азалии худро аз даст доданд. Баъдан тақсимоти заминҳо оғоз гашт ва амволи давлатӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ мубаддал шуданд. Дар ҳамон замонҳо, ки чашми тамаъи тавонгарон ба заминҳои ҳосилхез дӯхта шуда буданд ва як қисми заминҳо ногузир ба дасти соҳибонаш – деҳқонони асил не, балки тобеи шахсони туфайлию тасодуфӣ мегашт, Норқул Ҷӯрақулов дасту остин барзад ва ҳамон қитъаи заминеро, ки падари деҳқонаш – Турдӣ Ҷӯрақули номвар солҳо бел задаву обод карда буд, ба ихтиёр даровард. Вай дар ҳамин қитъа хоҷагии фермерии «Турдӣ Ҷӯрақул»-ро ташкил кард.
Инак, дар ин муддат хоҷагии фермерие, ки Норқул Ҷӯрақулов асос гузошта буд, ба хоҷагии пешқадаме мубаддал гашт. Ҳоло дар ҳисоби хоҷагӣ 13 гектар боғи ангур ва 7 гектар боғи себзор мавҷуд аст. Дар ин заминҳо 20 оила кор карда, аз даромади ҳосили ин боғҳо рӯзгор меҷунбонанд.
– Ба бист оилаи таборон як гекторӣ заминро тақсим карда додам ва ҳар кадомро муваззаф сохтам, ки дар обод сохтани замин бикӯшанд ва аз мағзи ҳамин хоки тира фоидае гирифтаву дасторхони оиларо фаровон созанд, – мегӯяд Норқул Ҷӯрақулов.
Вай дар идомаи чандин соли фаъолияти худ 13 гектар замини токзорро, ки хеле пиру нотавон ва ҳосилнокиашон пайваста коҳиш меёфт, аз нав бунёд сохт. Дар шароити ноҳияи Бойсун, ки ҳар қатраи об баробари «тилло» қадр дорад, сабз сохтани ниҳолаке басо машаққат талаб мекунад. Ҳамин гуна машаққатро босаброна таҳаммул карда, ниҳоли токҳои ангурро сабзондан ва ба боғи ҳосилхезе мубаддал сохтан худ як қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад.
– Дар боғи нав навъҳои нисбатан машҳур ва ба талаби бозори имрӯз мувофиқи ниҳоли ангурҳоро парвариш намудем. Ниҳолҳо кайҳо борвар гаштаанд, – таъкид мекунад Н. Ҷӯракулов
Бист оила, ки ҳама маскуни деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсун буда, асосан пайвандони Норқул Ҷӯрақулованд, дар як муддати кӯтоҳ муваффақ гаштанд, ки дар 7 гектар замини комилан урён боғи себзор бунёд созанд. Ҳоло дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ин боғ нигоҳубин мешавад ва аз ҳосили фаровонаш даромади хуб ба даст меояд.
Аммо ин дар ҳолест, аъзои хоҷагии фермерии «Турдӣ Ҷӯрақул» аз он шикоят мекунанд, ки сол аз сол оби обёрикунанда дар ҳудуди ноҳияи Бойсун кам мешавад ва ин боиси талафоти бештари ҳосили боғҳои ангуру себ мегардад. Мутахассисон дар он назаранд, ки дар даҳ соли охир иқлим хеле тағйир ва сатҳи боришоти солона нисбатан коҳиш ёфтааст.
– То фасли зимистон дар кӯҳҳо захираи барф зиёд нагардад, дар Бойсун оби ошомиданӣ ва обёрӣ ба мушкилии сахт мубаддал мешавад. Шукӯҳи боғзорони Бойсун маҳз ба боришоти барфу борон вобаста буда, дар сурати халал ёфтани ин низом чашмаҳо беоб мондаву хушк мешаванд ва дар натиҷа фасли гармои сол об танқис шудаву хоҷагиҳои фермерии минтақа азият мекашанд. Баъзан хароҷоте, ки давоми сол барои ободии заминҳо мекунед, назар ба даромад зиёдтар мешавад ва деҳқон ба ҷойи фоида зарар мебинад, – аз мушкили кори фермерони маҳаллӣ сухан ба миён овард акои Норқул.
Аз чунин зарарҳо, ки солҳои охир пайваста рух медиҳанд, аҳли хоҷагии фермерии «Турдӣ Ҷӯрақул» андак дилсард шуда бошанд ҳам, заминҳои худро ҳаргиз ба ҳоли худ намегузоранд ва ба умеди фардои неку дурахшон пайваста заҳмат мекашанд. Онҳо хуб медонанд, ки як адад ниҳол сабз кардаву борвар сохтан чӣ қадар машаққат дорад.
Норқул Ҷӯрақулов аз нақшаҳои ояндаи хоҷагии фермериаш бо ҳарорат ҳарф зада гуфт, ки агар ҳамқадами замон пеш наравед, таҷрибаи пешқадамро дар амал татбиқ насозед, зуд муфлис ва аз маъраз берун мегардед. Вай мутмаин аст:
– Минбаъд бояд аз технологияи пешқадам истифода кунем. Об, ки манбаи ҳаёт аст ва яке аз неъматҳои беҳтарини Худованд ба шумор меравад, ба далели нописандиҳои одамизод кунун камёбтар мешавад. Аз ин рӯ, бояд беш аз пеш қадр гардад. Нақша дорем, ки обёрии чакрагиро ба роҳ монем. Албатта, барои татбиқ сохтани ин усул бояд як миқдор маблағ харҷ кунем. Умедворем, ки боғҳои ангурзору себзори хоҷагиро ба ин тартиб аз офатҳо, хоса аз беобии ногузир раҳо бахшидаву рӯзгори худу мардумро обод месозем.
Норқул Ҷӯрақулов танҳо ба ҳосили боғҳои худ маҳдуд нагашта, шуғлҳои нави соҳибкориро низ пеш гирифтааст. Масалан, дар як гӯшаи ҳавлии худ тавилаеро рост намудаву бо чорвопарварӣ низ машғул мегардад. Дар гӯшаи дигари замини иҳотааш ду амбори сардхона сохтааст, ки меваи боғҳои серҳосили хоҷагӣ дар он нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин сардхонаҳо зиёда аз 100 тонна ангуру себ ҳифз мегарданд ва давоми сол ба бозорҳо интиқол меёбанд. Ба сохтмони ин сардхонаҳо ҳудуди 800 миллион сӯм масраф гардидааст.
– Пештар ҳосили боғҳои худамонро дар сардхонаҳои ноҳияҳои дигар нигаҳдорӣ мекардем, ки хароҷоти зиёде дошт. Ҳоло меваҳоро дар сардхонаи хоҷагӣ нигоҳ медорем, – мегӯяд Норқул Ҷӯрақулов. – Акнун хароҷоти мо коҳиш ёфта, ба даромаде, ки дар назар аст, изофа мегарданд.
Ин марди боғайрат дар ин авохир муваффақ гардид, ки дар шафати ин сардхона коргоҳи хурди коркарди ширро бо номи «Сабрина» бунёд карда, аз аҳолии деҳаи Бибиширину Ширинобод як миқдор ашёи хом харидаву чандин маҳсулот истеҳсол намояд. Барои сохтаву ба истифода додани ин коргоҳ 700 миллион сӯм сарф шудааст. Аз ин миқдор 200 миллион сӯм аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок истифода гардидааст. Дар коргоҳи мазкур дастгоҳҳои чинӣ насб гардидаанд ва дар як рӯз имкони коркарди 1 тонна ширро доранд. Дар айни ҳол 300-400 литр шир аз аҳолӣ харида дубора коркард мешавад ва аз он 15 намуд маҳсулоти ширӣ истеҳсол мегарданд. Кефир, қаймоқ, сметана, йогурт ва чакка аз ҳамин ҷумла буда, бештар харидор доранд ва аҳли коргоҳ низ вобаста ба талаботи бозори дохилӣ анвои маҳсулоти истеҳсолии худро интихоб мекунанд. Бо сохта шудани коргоҳи «Сабрина» панҷ адад ҷойи кори доимӣ ба вуҷуд омадааст. Зубайда Маҳмадова ва Пӯлод Ҷӯрақулов аз зумраи коргарони пешқадами ин коргоҳи хурди истеҳсолӣ мебошанд.
Дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ӯзбекистон ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов ва роҳбарони секторҳо ба коргоҳи «Сабрина» омадаву аз ҷидду ҷаҳди ин соҳибкор хеле ситоиш намуда, идораҳои дахлдорро вазифадор сохтанд, ки дар ҳалли мушкилоти чунин соҳибкорон мусоидат намоянд.
Хидматҳои Норқул Ҷӯрақулов дар роҳи ривоҷ додани соҳаи хоҷагии фермерӣ ва соҳибкорӣ муносиб қадр ёфтаанд ва ӯ бо нишони сарисинагии «Илғор фермер» (Фермери пешқадам) ва нишонҳои «25-солагии Истиқлолият» ва «30-солагии Конститутсияи Ӯзбекистон» мукофотонида шудааст.
– Бо роҳи падар рафтаву саҳв накардаам, – мегӯяд бо сарбаландӣ ӯ. – Маҳз ҳамин роҳи пуршараф маро дар байни мардум соҳибобрӯ гардонд. Барои халқу Ватанам аз сидқ хидмат хоҳам кард!
Бояд гуфт, ки арзи ҳастӣ намудани соҳибкорони ҳалолкор ва садоқатманди маҳаллӣ боиси ифтихор буда, ҳукумати ҷумҳурӣ низ ҷонибдори онҳо мебошад ва хеле хушбин аст, ки онҳо ривоҷ ёбанд ва ба ободии рӯзгори мо мусоидат намоянд.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Сурхондарё.