«ОВОЗИ ТОҶИК» – ПУЛИ ДӮСТИИ ДУ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини на танҳо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» муташаккилона идома дорад.

Мо бо ҳамин муносибат бо декани факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори илмҳо, профессор Ҷӯлибой Эртазаров суҳбат оростем.

– Чанде пеш аз ректорат супориш шуд, ки ҷамоаи мо низ ба матбуоти даврӣ обуна шаванд, – гуфт мусоҳибам сабаби ташрифи маро фаҳмида ва бо табассум илова намуд: 

– Вақте ба рӯйхати рӯзномаву маҷаллаҳо чашм давондам, нашрияи тоҷикӣ набуд. Ба масъули чорабинии мазкур занг зада фаҳмондам, ки дар факултаи мо гурӯҳҳои тоҷикӣ ҳам ҳастанд ва бояд ба рӯзномаҳое, ки ба забони модарии худ чоп мешаванд, обуна шаванд.

Хушбахтона, масъала ранги дигар гирифт. Охир «бародарию баробарӣ» гуфтаанд.

– Домуллои муҳтарам, аҷиб, шумо ба тоҷикӣ гап мезанед?

– Рости гап, мефаҳмам, лекин озод ҳарф зада наметавонам.

Воқеан, ба адабиёти тоҷик муҳаббат, ҳурмату эҳтиром дорам. «Ёддошт»-ҳои устод Садриддин Айнӣ, сегонаи Ҷалол Икромӣ, «Субҳи ҷавонии мо» ва дигар асарҳои адибони тоҷикро ба русӣ ва ӯзбекӣ хонда, ғизои маънавӣ гирифтаам.

– Чӣ сабаб шуд, ки ба адабиёт дил бастед?

– Раҳматӣ модаркалонам афсона, ҳикоя, фолклор, чистон, шеър, сурудҳо гуфта, талаб мекарданд, ки онҳоро азхуд кунем... Шояд муҳаббат ба адабиёт буд, ки баъди хатми мактаби миёнаи маҳаллаи Аслонсойи ноҳияи Фориш шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд шудам. Аз устодони сахтгир, вале меҳрбону дилсӯз чун академик Ботурхон Валихуҷаев, профессорон Нуриддин Шукуров, Раҳматуллоҳ Қунғуров, Абдуҷалол Мухторов, Мирҷамол Мирсаидов бисёр чизҳоро омӯхтам.

Ба маълумоти шумо расонам, ки домулло Мирҷамол Мирсаидов талаб мекарданд, ки мо – шогирдон ҳуруфоти арабӣ ва забони форсиро омӯзем. Серталабӣ, қатъияти эшон будааст, ки ҳоло ман асарҳои Алишери Навоӣ, Фузулӣ, Махтумқулӣ, Фурқат ва дигар классикони ӯзбекро дар нусхаҳои асл озод ва бидуни душворӣ мутолиа мекунам.

– Аз нависандагони муосир ба кӣ дилбастагӣ доред?

– Албатта, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Саид Аҳмад, Абдулло Қаҳҳор, Одил Ёқубов, Мирмуҳсин, Ӯткир Ҳошимов, Тоҳир Малик ва дигар адибони ӯзбекро дӯст медорам, лекин Чингиз Айтматов олами дигар аст.

Боиси хушнудист, ки ба камина бо ин адиби номдори қирғиз рӯ ба рӯ шудану аз ӯ дастхат гирифтан насиб гардидааст. Агар хотирам фиреб надиҳад, солҳое, ки дар Донишгоҳи Берлин аз  таърихи адабиёти муосири ӯзбек сабақ медодам, кадоме дар баҳсу мунозира ба исрор мегуфт, ки Чингиз Айтматов адиби рус аст. Зеро ӯ ба забони Пушкину Чехов эҷод менамояд. Мо аз як зиёфат гарав бастем, ки Чингиз Айтматов қирғиз аст, вале ба русӣ менависад.

Тасодуф буд ё амри тақдир, ки дар телестудияи Берлин шаби эҷодии Чингиз Айтматов ба вуқӯъ пайваст. Бидуни муболиға қариб 2 ҳазор нафар мухлисони каломи бадеъ ҷамъ омаданд. Аз фурсат истифода бурда, маҳз ба забони ӯзбекӣ худро аз Донишгоҳи давлатии Самарқанд муаррифӣ карда, пурсидам, ки ба кадом забонҳо эҷод менамояд.

Вай бо эҳсосоти хоса ба забони қирғизӣ доир ба Самарқанд, ёдгориҳои таърихии он ҳарф зада, иттилоъ дод, ки ба ду забон – русӣ ва забони модариаш – қирғизӣ китоб менависад.

Дӯсти олмонӣ гаравро бохт ва зиёфат дод...

– Хеле хуб, ман метавонам бо шумо гарав бандам, ки обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар савияи баланд ба анҷом хоҳад расид?

– Рӯзномаи «Овози тоҷик» на танҳо минбари розу ниёзи мардуми тоҷик, инчунин пули дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек низ ҳаст. Шахсан ман қариб ҳар як шумораи онро аз назар гузаронида, шоҳиди он мешавам, ки нашрияи садсола, ки дар Самарқанд таъсис ёфтааст, хеле хонданибоб аст. Дар ин рӯзнома асарҳои адибони  ӯзбек низ рӯйи чопро мебинанд. Боз як гап. Дар байни ходимони рӯзномаи мазкур собиқ хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии мо низ ҳастанд...

Пас чаро мо рӯзномаро дастгирӣ накунем?

Аз фурсат истифода бурда, тамоми мухлисони садоқатманду муаллифон, алалхусус, эҷодкорони «Овози тоҷик»-ро бо 100-солагии рӯзнома самимона табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳои нав ба нав таманно менамоем. 

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: