ТУРИЗМ БА РУКНИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ба манзури боло бурдани салоҳияти саёҳӣ ва афзоиши ҳарчи бештари теъдоди сайёҳон барои корпусҳои дипломатии Ӯзбекистон, мустақар дар 28 мамлакати дунё маблағҳои зарурӣ ихтисос дода шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи туризми ҷумҳурӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, илова бар ин, дар 10 моҳи соли ҷорӣ иштироки стендҳои миллии сайёҳӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар 14 ярмаркаи байналмилалии сайёҳӣ таъмин карда шуд. Аз ҷониби кумитаи туризм дар Бритониёи Кабир, Малайзия ва Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардида, имкониятҳои сайёҳии гастрономии кишвари мо муаррифӣ гардиданд.

Дарҳақиқат, баланд бардоштани соҳаи сайёҳӣ дар иқтисодиёти мамлакатамон нақши муассир мебозад. Дар ин росто диверсификатсияи хидматрасониҳои сайёҳии дохилӣ ва ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми онҳо, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои шиносоии шаҳрвандон бо иқтидори сайёҳии кишвари мо, беҳтар намудани сифати хидматрасониҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозорҳои ҷаҳон, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият нишон медиҳанд, беш аз пеш доман фарох менамояд. 

Кумитаи сайёҳӣ бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ, рушди босуръати инфрасохтори хидматрасонии замонавӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо кор, дар ин замина васеъ намудани манбаи даромади онҳо чорабиниҳои мақсаднокро вусъат бахшидааст, ки  дар ивази маблағҳои хазинаи пуштибонӣ аз туризм ба амал бароварда мешаванд.

Бино ба иттилооти дафтари матбуоти кумитаи туризм ҷанбаи дигари кор аз ҳамин иборат аст, ки то ин давраи соли равон бо мақсади таблиғи густурдаи иқтидори сайёҳии кишвар татбиқи чанд лоиҳа мавриди татбиқ қарор дода шуд. Ин лоиҳаҳо ба манзури афзоиши гардиши сайё-ҳии хориҷӣ ва дохилӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои телевизионии хориҷӣ ва маҳаллӣ ва платформаҳои интернетӣ роҳандозӣ шудаанд.

Аз ҷумла, чунин ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Ctrip.com» ба роҳ монда шуда, иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон тавассути платформаи интернетии «Ctrip.com» васеъ тарғиб карда мешавад. Ширкати «Voyage Prive» дар асоси шартҳои ҳамкориҳои тиҷоратӣ, бо истифода аз имконоти платформа ва аудиторияи васеъ, дар ташкили PR-ширкатҳо дар Фаронса, Италия, Испания ва Бритониёи Кабир ва роҳнамоии гардиши сайёҳон ба Ӯзбекистон бо кумита ҳамкорӣ мекунад.

Гузашта аз ин, кумитаи туризм бо ширкати олмонии «World Media» дар лоиҳаи «Кашф кардани меҳмоннавозии Ӯзбекистон ва самтҳои ҷолиб тавассути видеоҳои инноватсионӣ» ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи яке аз ин лоиҳаҳо барномаи эксклюзивии сайёҳии телевизионии «Осмони кабуд» бо барандаи машҳури сайёҳии олмонӣ Кей Пэтзман дар платформаи «Sky one» пахш мешавад.

Ҳамчунин, бо ширкатҳои бритониёии «ВВС» ва «Wanderlust», ки аудиторияи умумии беш аз 2,5 миллиард нафар дар саросари ҷаҳонро дорад, бо «Евронюс»-и аврупоӣ ва платформаи онлайни рақамии амрикоии «Ama-deus» тарҳҳои муштарак амалӣ мешаванд.

Якҷоя бо ширкати сайё-ҳии «Holiday factory»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва маъмурияти ширкати «Visa Facilitation Services Global» (VFS Global) ва бо ширкати «Numa GmbH» иқтидори сайёҳӣ ва ҷолибияти Ӯзбекистонро ба се кишвари Аврупои Марказӣ, Олмон, Австрия ва Швейтсария, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият мекунанд, муаррифӣ хоҳанд кард.

М. АҲРОРОВ,

хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: