РОМАНИ «ФИРДАВСӢ»-И СОТИМ УЛУҒЗОДА

Сотим Улуғзода, дар адабиёти навини тоҷик аз зумраи нависандагони шинохтаву сермаҳсул ба шумор меравад. Ӯ соҳиби сабку услуби ба худ хос буда, тавассути таълифоти осори ёддоштиву таърихӣ, воқеънигорӣ дар қолаби бадеъ ва образофарӣ дар рушду такомули адабиёти муосири мо саҳми назаррас дорад.

Адиб бисёре аз масъалаҳои иҷтимоии замонаашро дурандешонаву борикназарона тасвир мекунад.

Масъалаи инсондӯстӣ, озодихоҳиву озодандешӣ дар саросари асарҳои адиб акси худро ёфтаанд. Аммо масъалаи дигаре, ки барои ҳар фарди худшинос донистану дифоъ кардани он зарурист, ҳифзи хоки ватан ва пос доштани хотироту анъанаҳои ниёгон мебошад, ки он таваҷҷуҳи адибро ба таври ҷудогона  ба худ ҷалб намуда, боиси ба вуҷуд омадани ду асари хеле бузурги адабиву таърихӣ, яке ба наср баргардондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дигаре романи «Фирдавсӣ» гардидааст.

Улуғзода, ҳангоми аз назм ба наср баргардондани 60 ҳазор байти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, заҳматҳои бардавому пурмашаққатро аз сар гузаронидааст. Ӯ асари бузургу нодиреро, ки аз ҷиҳати образнокӣ ва ҳаҷм мислаш қариб  дар адабиёти дигар халқҳо дида намешавад, мазомину маъонии онро хеле моҳиронаву устодона мансур кардааст. Ҳатто ин хидмати шоистаи муаллиф яке аз сабабҳои асосӣ ва манбаи муҳими тахайюли эҷодии адиб барои офариниши романи «Фирдавсӣ» мегардад. Маълум аст, ки ӯ ҳангоми баргардон намудани «Шоҳнома» борҳо ин асарро мутолиа намуда, бо замону макон ва ҳодисаву воқеаҳо ва шахсияти қаҳрамонҳои он ба хубӣ ошно гардидааст.

Ҳамин тавр,  адиб аксари маводи вобаста ба рӯзгори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-ро ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба хубӣ дарк кардаву дар зеҳни худ нигоҳ доштааст. Воқеаеро, ки нависанда дар мавриди пазиро нагардидани «Шоҳнома»  аз ҷониби Султон Маҳмуд, дар қисмати дуюми асар бо бадеият қисса мекунад, дар бисёре аз  манбаъҳои таърихӣ дида мешавад.

Романи мазкур аз ду қисм иборат аст. Қисмати аввал зери сарлавҳаи «Хонаводаи деҳнишин» оғоз ёфта, бо мавзӯи «Дар Ҳирот» ба анҷом мерасад. Қисмати дувум бошад, аз мавзӯи «Дар Ғазна» шурӯъ гардида, бо «Хотима» анҷом меёбад.

Муаллиф ба вазъи рӯзгори хонаводагии Фирдавсӣ, бахусус аҳамияти хидматҳои шоистаи завҷаи шоир – Фотимабону нисбат ба таълифоти «Шоҳнома» эътибори хосса додааст. Шоир аз сурудаҳои ҳамсараш илҳом гирифтаву мазмуни онҳоро бо тахайюлоти эҷодии худ ба қолаби назм медаровард.

Баъдан, нисбат ба тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ додани шоирро дар мисоли сарзаниши ӯ ҳангоми бо шахсони носолимтинат дӯстӣ варзидани писараш – Ҳушанг тасвир мекунад. Баъди ин қисматҳо нависанда ба мавзӯи зерин таваҷҷуҳ мефармояд: Бо амри подшоҳи Сомониён – Абунаср ибни Нӯҳ, Фирдавсӣ  барои офаридани «Шоҳнома» камари ҳиммат баста, нахуст барои ба даст овардани манобеи таърихии ниёгон ба манотиқи гуногун сафар карда, дар ҳар манзили сафаркардаи худ маводи таърихиро ҳамроҳ мегирифт. Масалан, дар  як сафари худ ба Бухоро нусхае аз «Шоҳнома»-и нотамоми Дақиқиву «Калила ва Димна»-и Рӯдакиро пайдо намуда, онҳоро бар ватанаш мебарад.

Нависанда образи ровии «Шоҳнома» – Абудулафро низ бисёр зебо ва бамаврид офаридааст, ки дар аксари сахтиҳои рӯзгор ва сафарҳои ӯ ҳамроҳӣ менамуд. Бояд гуфт, ки образи мазкур ҷанбаи воқеӣ дорад, зеро худи Фирдавсӣ дар чанд ҷойи асараш ба ин мавзӯъ ишора мекунад.

Адиб кӯшидааст, ки дар романи мазкур масъалаҳои хеле ҷолиби диққат ва ҳатто таънаву буҳтонҳои ба рӯзгору шахсияти Фирдавсӣ иртиботдоштаро дар асоси манбаъҳои таърихӣ, бо бофтаҳои тахайюли бадеии худ ҳаллу фасл намояд. Масалан, аз ҷониби душманонаш ба бединиву бемазҳабӣ айбдор кардани Фирдавсиро нависанда дар асоси манбаъҳои таърихӣ хеле зебо тасвир намуда, баъдан бо далелу мисолҳои равшани пурбадеъи худ, мусалмони ҳақиқӣ будани шоирро тасвир мекунад.

Яке аз фоҷеаҳои муаллифи «Шоҳнома», ки марги фарзандаш – Ҳушанг мебошад, аз назари Улуғзода дур намондааст. Чуноне дар боло ишора намудем, адиб аксари воқеаҳоро дар асоси манбаъҳои таърихӣ қисса кардааст. Мавзӯи «Доғи фарзанд» ҳам аз он ҷумла мебошад, ки устод Улуғзода барои воқеӣ гардидани ин ҳодиса 5 байт аз эҷодиёти худи шоир меорад:

Маро буд навбат, бирафт он ҷавон,

Зи дардаш манам чу тани беравон.

Зи бадҳо ту будӣ маро дастгир,

Чаро роҳ ҷустӣ зи ҳамроҳи пир?

Магар ҳамраҳони ҷавон ёфтӣ,

Ки аз пеши ман тез биштофтӣ?

Ҳамебуд ҳамвора бо ман дурушт,

Барошуфту якбора бинмуд пушт.

Бирафту ғаму ранҷаш эдар бимонд,

Дилу дидаи ман ба худ барнишонд...

Аммо нависанда садди роҳи мақсуди шоир шуда натавонистани ғаму андӯҳро ба маҳорати баланд баён мекунад.

Яке аз муҳимтарин ҳикояҳое, ки дар он маҳорати шоир возеҳ ифода ёфтааст, мушоираи Фирдавсӣ бо шоирони дарбор мебошад. Адиб дар ин мавзӯъ хайрхоҳ набудани шоирони дарбор, аз ҷумла Унсурӣ, Асҷадӣ ва дигаронро нисбати Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ кушодаву равшан ифода намуда, табъи баланди шоирӣ ва бадоҳатан назмофарии Фирдавсиро дар мисоли чаҳор мисраи шеърӣ нишон медиҳад. Шоирони дарбор, ки номашонро дар боло зикр кардем, забон як намуда, мушоира барпо мекунанд, то Фирдавсиро шарманда созанд. Яъне онҳо дар асоси нақшаи пешакӣ ин корро анҷом дода буданд. Чун мушоира оғоз мешавад, мувофиқи нақшаашон бадоҳатан гуфтани шеърро пешниҳод мекунанд. Азбаски маликушшуарои дарбор Унсурӣ будааст, нахустмисраъро ӯ мегӯяд:

«Чун орази ту моҳ набошад равшан»,

Мисраи дуюмро Фаррухӣ дар пайравии Унсурӣ гӯё бадоҳатан мегӯяд:

«Монанди рухат гул набувад дар гулшан».

Мисраи сеюмро бошад, Асҷадӣ баъди Фаррухӣ эҷод мекунад:

«Мижгон-т ҳаме гузар кунад аз ҷавшан», 

Фаррухӣ аз Фирдавсӣ дархост мекунад, ки мисраи охиринро филфавр эҷод кунад. Ҳама интизори мот шудани ӯ мегарданд. Аммо ӯ фавран ва бадоҳатан ин мисраъро месарояд:

«Монанди синони гев дар ҷанги Пашан».

Бо ин ҳозирҷавобӣ шоир дар мушоира нақшаи шоирони дарборро барбод  медиҳад.

Бояд гуфт, ки мисраъҳои ишорашуда низ монанди образҳо бофтаи тахайюлоти адибанд. Аммо ҷолиби диққат ва нозукии масъала дар он аст, ки нависанда мисраи эҷодкардаи Фирдавсиро ба «Шоҳнома» вобаста мекунад. Яъне Гев ва ҷанги Пашан. Ин аз ҳунари волои адиб, ки ҳодисаро ба воқеият наздик кардааст, далолат медиҳад.

Бо ҳамин, роман бо марг ва арҷгузории қадру қимати «Шоҳнома» баъд аз сари шоир хотима меёбад.

Роман аз ҷониби аксар пажӯҳишгарони забон ва адабиёт таҳлилу баррасӣ гардида, аз ҷониби онҳо баҳои сазовор гирифтааст. Романро ҳатто мардуми Эрон низ, баъди чоп дар он кишвар хуб пазируфтаанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки романи «Фирдавсӣ» ҷанбаҳои таърихиву фарҳангӣ дошта, монанди «Шоҳнома» ғояҳои пос доштани анъанаҳои ниёгон, ҳифзи хоки ватан, ҳақиқатпарастӣ, ростӣ, сабру таҳаммул дар сахтиҳои зиндагӣ, вафодорӣ ва ғайраро дар худ таҷассум намудааст. Таълифи роман яке аз хидматҳои шоистаи муаллиф барои адабиёт буда, барои дуруст ва амиқтар шинохтани рӯзгори Фирдавсӣ ва ҷараёни пайдоиши «Шоҳнома» кумак мерасонад. Муаллиф дар асар масъалаи  тарбияи насли наврасро низ ворид сохтааст, ки пураҳамият мебошад.

Далершоҳ НЕЪМАТОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: