МАНОРАҲО НАМУНАИ ИСТЕЪДОДИ МЕЪМОРОНИ МО

Имрӯз бо пешрафти илму технология сохтани манораву биноҳои осмонбӯс ба назари мо ҷараёни одӣ метобад, масалан баландии бинои баландтарини ҷаҳон дар шаҳри Дубайи АМА «Бурҷи халифа» («Манораи халифа»), ки 828 метр мебошад, дар давоми 6,5-7 сол сохта шудааст.

Аммо дар гузашта, ҳатто пеш аз милод низ гузаштагони мо ускунаҳои одиро ба кор бурда, чунон бинову манораҳое бунёд кардаанд, ки ороишоти гуногуншакли геометриашон то ҳол касро моту маҳбут мекунад. Манораҳо чи дар гузашта ва чи имрӯз аз рӯйи эътиқоди диниву ҷаҳонбинии маънавиву фарҳангии одамон бо мақсадҳои гуногун сохта шудаанду мешаванд. Масалан, дар замонҳои қадим барои мусофирону тоҷирон дар наздикии корвонсарою сардобаҳо, пас аз ҷорӣ намудани дини ислом бошад, барои даъват ба намоз дар наздикии масҷиду мадрасаҳо сохта шудаанд. Дар асрҳои миёна бошад, манораҳо ҷиҳати ороишоти шаҳр, инчунин намоиши қудрати ҳукмдорон бунёд мешуданд. Ҳар як шаҳру навоҳии мамлакатамон ҷойҳои ҷолиби худро дорад. Манораҳои Бухорои куҳан бошад, ёдгории нотакрори меъморӣ ба ҳисоб рафта, бо ҳашамату мукаммалӣ ороишоти хоси худ аз манораҳои мавзеъҳои дигар тафовут дорад. Манораи Калони Бухоро соли 1127 бино бар фармони ҳукмрони он замон Арслонхон Муҳаммади Қарохонӣ бо сарварии усто Бақо сохта шудааст. Аз ин сабаб, Манораи Калонро манораи Арслонхон низ меноманд. Мегӯянд, ки усто Бақо дар сохтмони Манораи Калон ба ҷойи об аз шири шутур ва сафедаи тухм истифода бурдааст. Дар нақлҳо оид ба ин манора гуфта мешавад, ки усто Бақо пас аз гузоштани пойдевори он чиҳил сол пинҳон шудааст ва пас ба назди подшоҳ омада, сабаби пинҳоншавиашро ошкор намудааст: пойдевори бино дар 40 сол хуб ҷойгир мешавад, акнун манора то рӯзи қиёмат боқӣ монда, шуҳрати шуморо дар саросари ҷаҳон паҳн мекунад. Агар ман пинҳон намешудам, шумо сабр накарда талаб мекардед, ки корҳои сохтмон бо зудӣ ба охир расад. Дар натиҷа, вақти зиёд нагузашта манора шикаст мехӯрд. Худо хоҳад, ба ин манора то охири замон офат намерасад, ҳатто заминларза низ ба ӯ осеб расонда наметавонад. Вақте умри усто Бақо ба поён мерасад, васият кардааст, ки ҷанозаи ӯро дар назди манора хонанд ва дар ҳавлии наздикии он дафн кунанд.«Агар манора фитад, бигзор ба болои қабри ман афтад, то ки устухонҳои ман реза-реза шавад. Аммо Худо шоҳид, Манораи Калон то рӯзи қиёмат дар ҷойи худ мемонад», гуфта будааст ӯ. Манораи Вобкент низ вақти ҳумронии Қарохониён аз ҷониби яке аз амалдорони ин сулола – ноиби Қарохониён дар Бухоро – Садр Бурҳониддин Абдулазизи II сохта шудааст. Дар асри дувоздаҳум Қарохониён дини исломро қабул кардаанд ва эътибор ба замину молу мулк мисли даври Сомониён дучанд зиёд гардид. Бурҳониддин Абдулазиз яке аз муридҳои Хоҷа Абдулхолиқ Ғиждувонӣ буд ва бо ташаббусу маблағи ин марди барӯманд соли 1190 аввал сохтмони масҷид, пас аз 5-6 сол сохтмони манораи Вобкант оғоз ёфт. Манора дар давоми 11 моҳ бунёд гардидааст, ки баландии он 40,3 метр мебошад. Дар қисми шаҳри куҳнаи Бухоро «Чор манор» ном боз як бинои таърихие вуҷуд дорад. Ҳарчанд ба номи ин бино калимаи «манора» илова шудааст, азбаски манорачаҳои он паст аст, мисли дигар манораҳо вазифаҳои кунуниро иҷро нанамудааст. Нақл мешавад, ки аввали солҳои асри XIX як тоҷири туркман ба Бухорои шариф омада, бо корҳои тиҷорат машғул шудааст. Аз байн вақти кам гузаштаасту кори ин савдогар рушд карда, боигариаш низ зиёд гардидаст. Ӯ хостааст, ки дар ин сарзамини пурсаховат аз худаш номи нек гузорад. Вақте барои савдо ба Ҳинд меравад, иншооти чоркунҷаеро мебинад, ки чаҳор кунҷи он чаҳор манорачаи муъҷаз низ доштааст. Вақте ӯ ба Бухоро бармегардад, аз пайи сохтани чунин бино мешавад. Мегӯянд, ки манорачаҳои он ба чаҳор шаҳри номвари Машриқзамин — Бухоро, Урганч, Деҳнав ва Тирмиз ё ки бахшида ба чаҳор нафар фарзандони амири он замон сохта шудааст (солҳои 1806-1807). Албатта, манораҳо ба ҳусни шаҳрҳо меафзоянд. Аммо боз як чизи дигар, ба Манораи Калони Бухоро вазифаи дигареро нисбат додаанд, гӯё дар гузашта ҷинояткоронро аз болои он мепартофта бошанд, яъне манора ҳамчун иншооти ҷазодиҳанда истифода шудааст, ки дар наздикии он қад афрохтани биноҳои муқаддас – Мири Араб ва Масҷиди Калон ин фикрро тамоман рад мекунад. Набия НОДИРОВА, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: