АГАР ШУМО БОТИНИ ЗЕБО ДОРЕД...

Ё худ чанд сухани ҳикматомези бузургон

Қарз ба хуб анҷом додани корҳо даъват менамояд, вале муҳаббат водор месозад, ки он корҳо зебо бошанд. Зиг Зиглер. Кору амали инсонҳо тарҷумони афкору андешаи онҳост. Ҷон Лок. Вақте дарё пуроб аст, моҳӣ мӯрчаҳоро мехӯрад, дарё чун хушк шуд, мӯрчаҳо моҳиро мехӯранд. Бояд ҳеч кас такя бар бартариҳои муваққатии худ накунад. Аврелий Августин. Шумо метавонед зебоиро дӯст доред, вале танҳо метавон ошиқи рӯҳ шуд. Уилям Шекиспир. Унвонҳо ороиши аблаҳонаанд. Бузургонро ном кофист. Фредрих II Бузург. Хушбахтӣ ҳадаф нест, он маҳсули рӯзгори солим аст. Ҷон Голсуорси. Зебоиро дида тавонистан аз он аст, ки ту ботини зебо дорӣ. Пауло Коэло. Зебоӣ муҳаббатро ба вуҷуд намеоварад, балки муҳаббат водор месозад, ки мо зебоиро бубинем. *** Дар ҷустуҷӯйи Худо бош, Ӯ туро танҳо намегузорад. Л. Толстой. Имрӯз табибон арзиши бемориро нисбат ба табобаташ беҳтар медонанд. Гарри Симанович. Ислоҳ накардани хатоҳои пешина хатои бузург аст. Конфутсий. Зиндагӣ муборизаи доимӣ байни хоҳишу манъкуниҳост. Зигмунд Фрейд. Бебадалҳо нестанд, вале нотакрорҳо ёфт мешаванд. Пабло Пикассо. Дар ҳар он чӣ, ки ҳикмат нест, зебоӣ буда наметавонад. Этен Луи Булле. Тарҷума ва таҳияи А. СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: