ЗИНДАГӢ БО АМРИ ДИЛ

Аз пайи орзу

Тирамоҳи соли 1949. Дар фазои диёр гӯё ҳанӯз оқибати гарони ситаму хунрезиҳо ба чашм мерасиду аз ҳавои кӯҳсор бӯйи оташандозиву оташсӯзиҳои ҷанги ҷаҳонӣ ба димоғ мезад. Пас аз вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум, ҳаёти мардум дубора мароми пешинаи худро дарёфта, рӯ ба беҳбудӣ меовард. Дар яке аз чунин рӯзҳои тирамоҳ – 4 ноябр дар хонадони сокини деҳаи Эҷи ноҳияи Фориш (ҳоло ноҳияи Нурато) Тӯйназарпаҳлавон писари дувум ба дунё омад. Азбаски охирҳои моҳи майи ҳамон сол қиблагоҳи Тӯйназар – бобои Бекназар фавтида буд, аз қудуми меҳмони нав беш аз ҳама падар хурсанд шуд. Дар худ меболид, ки падар дар симои тифли навзодаш баргашт ва вақте масъалаи интихоби ном ба миён омад, бо як овоз «номи падарамро мегузорем» гуфт. Аҳли оила ин хости сарвари хонадонро дастгирӣ карданд ва ба тифл Бекназар ном ниҳоданд.

Бекназар аз айёми кӯдакӣ чолок, хушзеҳн, дидадаро ва дар мактаб аълохон буд. Ҳамзамон, овози хушу гӯшнавоз дошт. Дар чорабинӣ, нишасту маҳфилҳои мактаб сурудхонӣ мекард ва аз ҳамон айём дар дил орзуи санъаткор шуданро мепарварид.

Рӯзе пайвандон дар хонаи онҳо ҷамъ омаданд ва кадоме аз Бекназар, ки дар остонаи хатми мактаб қарор дошт, дар бораи орзуву нақшаҳояш пурсон шуд. 

– Насиб бошад, ҳофиз мешавам, – гуфт Бекназар.

– Аз мо ягон санъаткор набаромадааст, – луқма партофт амакаш. – Хаёлҳои хомро аз сар дур карда, дар ин бора ҷиддитар фикр кун.

Баъд аз ин воқеа Бекназари ҷавон дар мавриди касб бисёр андешид. Намедонист, ки ба кадом роҳ равад, чӣ гуна пешаро интихоб кунад. Азбаски дар мактаб аз фанҳои математика ва физика бо баҳои аъло мехонд, пеши худ аҳд кард, ки муаллим шавад. Синфи даҳумро дар мактаби ҳамагонии рақами 38-и деҳаи Синтаб хонд ва пас аз хатми он, бо даъвати маъмурияти мактаби рақами 43-юми зодгоҳаш дар ин ҷо чун сардори ҷавонон ба кор сар кард.

Ӯ ҷавони боистеъдод, хушахлоқ, ташаббускор буд. Аз рӯзҳои аввали кор кӯшид, то ба тадбиру маҳфилҳои мактабӣ рангу ҷилои тоза бахшад. Чорабиниҳоро дар сатҳи хуб ташкил намояд. Пайи иҷрои ин мақсад донишомӯзони фаъолу лаёқатмандро ҷалб кард.

Рӯзе пеши ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаб, шодравон Даврон Мансуров даромада:

– Муаллим, пас аз чанде зодрӯзи устод Садриддин Айнист ва мехоҳем ба ин муносибат тадбире ташкил карда, дар он дар асоси повести «Марги судхӯр» саҳначаеро намоиш диҳем.

– Ташаббуси нағз, – гуфт Даврон Мансуров. – Ин фикрро дастгирӣ мекунам. Лекин гап дар сари он, ки оё аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонед?

– Метавонем, – бо боварӣ ҷавоб дод Бекназар.

Баъди иҷоза гирифтан ӯ бо шогирдон нахуст воқеаҳои ҷолибу шавқовари повестро интихоб намуд, вазифаву нақшҳоро тақсим ва ҳар рӯз баъд аз дарс саҳначаҳоро машқу тамрин кард. Машқи давомдор, меҳнати пайваста ва хоҳишу иродаи шогирдон самараи худро дод: онҳо аз ӯҳдаи иҷрои вазифа баромаданду саҳначаи ҷолибу хотирмон гузоштанд.

Зимистони соли 1966 дар мактабҳои гирду пеш ба муносибати 50-солагии зодрӯзи шоир Ҳабиб Юсуфӣ чорабинӣ ва маҳфилҳои адабӣ баргузор гардиданд. Бекназари талошкору заҳматписанд, ки қобилияти хуби ташкилотчигӣ дошт, асарҳои шоир ва китобу мақолаҳоро дар бораи Ҳабиб Юсуфӣ ҷамъ карда, хонд. Баъд сенарияи чорабинӣ бахшида ба солгарди шоирро таҳия карда, онро низ дар сатҳи олӣ, бошукӯҳу хотирмон гузаронд.

Ин муваффақиятҳо ба Бекназар илҳому болу пар бахшид ва ӯ бо шогирдон дар давоми ду соли фаъолият ба ҳайси сардори ҷавонон боз бисёр саҳнаву намоишҳоро омода карда, ба комёбиҳои зиёд мушарраф гардид. Кори худро бо амри дил, содиқона иҷро карда, на фақат аз дилу дидаи омӯзгорону донишомӯзон, балки падару модари шогирдонаш низ ҷой гирифт. Муҳити мактаб, кор бо хонандагон, мутолиаи асарҳои бадеӣ ба рӯҳияи Бекназар бетаъсир намонданд. Акнун ӯ ба зиндагӣ бо чашми дигар менигарист. Мақсаду мароми аниқ дошт ва ҳамин ҳадафу орзуҳо ӯро ҷониби шаҳр кашиданд...

 

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд...

Бекназар тобистони соли 1967 ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ супорид. Ин бесабаб набуд. Ҳангоми кор дар мактаб бо ҳаёт ва эҷодиёти аксар шоиру нависандагон ошно шуда, ба шеъру адаб дилбастагии зиёд пайдо карда буд. Мутолиаи асарҳои Устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, ашъори Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Лоиқ Шералиро хеле дӯст медошт ва бо меҳру ихлоси баланд мехонд. Ҳатто аз онҳо илҳом гирифта, гоҳо андешаҳояшро рӯйи коғаз ҳам меовард.

Толеи неку бахти баланди Бекназар буд, ки дар имтиҳони қабул мавзӯи «Ҳабиб Юсуфӣ – шоири ватандӯст ва ҷанговар» омад ва ӯ, ки бо рӯзгору осори шоир хеле хуб ошно буд, аз имтиҳонҳо баҳои хубу аъло гирифта, донишҷӯ гардид.

Баробари оғози соли таҳсил Бекназар аз дукони «Тоҷиккитоб»-и шаҳр як баста китоб ва аз мағозаи асбобҳои навозандагӣ рубоб харид.

Дар лаҳзаҳои бекору фориғ аз дарс, китоб мехонд. Ҳамин ки аз мутолиа хаста шуд, рубоб навохта, суруд замзама мекард. Баъзан дар ҷамъомаду маҳфилҳо ва гоҳо дар тӯю сури хешовандон низ суруд мехонд. Ба қавле ғубори дил мебаровард, дардҳояшро таскин мебахшид.

Ҳамзамон, рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, қариб ҳар як шумораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро мехонд.

Мутолиаи пайваста ҷаҳони маърифату маънавияти Бекназарро рангинтару фарохтар кард. Акнун ӯ ба воқеоту рӯйдодҳои гирду атроф наметавонист бетараф бошад. Дар бораи зиндагӣ, шебу фарози умр, муносибати байни инсонҳо, эҳсосоти наҷиби инсонӣ бисёр фикр мекард. Ба як маънӣ, гӯё ҳақиқати зиндагиро меҷуст ва аз воқеияти умр илҳом гирифта, андешаҳояшро менавишту ба рӯзномаву маҷаллаҳо мефиристод.

Соли 1971, арафаи супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва хатми донишкада буд, ки Бекназар ва ҳамкурсаш Ҳамроҳбой Гадоевро ба идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» даъват карданд.

Вақте ба Тошканд рафтанд, сармуҳаррир Шавкат Ниёзов ба онҳо гуфт, ки пас аз хатми донишкада, албатта, ба идораи таҳририят биёянд. Бекназар донишкадаро хатм карда, хост дар рӯзнома кор кунад. Аммо аз донишкада ба ӯ ба ваҷҳи «ду сол бояд дар соҳаи маориф кор кунӣ», иҷозат надода, бо роҳхат ба деҳаи зебоманзари Заркенти ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд фиристоданд. Дар ин ҷо ду сол аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс дод.

Соли 1973 ӯро ба хидмати низомӣ даъват карданд. Ҳини омодагӣ ба хидмат, дар борхалтаи сафар, баробари колои хидматӣ, ду дона китоб – «Роҳи каҳкашон»-и Чингиз Айтматов ва «Соҳилҳо»-и Лоиқ Шералиро бо худ гирифт.

Дар хидмат ҳар гоҳе дилтанг шавад, ё ёди Ватану зодгоҳ, аҳли хонавода кунад, ин китобҳоро ба даст мегирифту мехонд ва мунтазам ин мисраъҳои Лоиқро зери лаб такрор мекард:

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,

Дар раҳи куҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд,

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд...

Ӯ ҳангоми хидмат низ қаламро аз даст нагузошт. Чанд андеша ва ҳикоя навишта, ба рӯзнома фиристод. Як сол дар сафи нируҳои зиддиҳавоии воқеъ дар шаҳраки Одинсовои вилояти Маскав адои вазифаи ҷавонмардӣ карда, бо сари баланд ба зодгоҳ баргашт.

 

«Барои гонорар нанавис!»

Бекназар чанд гоҳ дар деҳа монд. Рӯзе бо директори ҳамонвақтаи мактаб, шодравон Ӯзбекбой Рӯзиев вохӯрд.

– Нақшаҳо чӣ хел? – пас аз ҳолпурсӣ савол дод муаллим.

– Надонам, – китф дарҳам кашид Бекназар. 

– Шумо бо ҷамоаи мактаб шинос, – гуфт Рӯзиев. – Таҷрибаи бо хонандагон кор кардан ҳам доред. Аз Заркент ҳуҷҷатҳоятонро гирифта, ба деҳа баргардед. Мо шуморо сардори ҷавонон таъин мекунем, бар илова дарсҳои забон ва адабиётро ҳам медиҳем.

Ӯ аз даъвати устод хушҳол гардида, пас аз чанде Заркент рафт ва ҳуҷҷатҳояшро гирифт. Ҳангоми бозгашт, нерӯи ноаёне, шояд ҳамон меҳр ба қалам, рӯзнома ва навиштан буд, ки ӯро ҷониби идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳидоят кард. «Як сари қадам аз устодон хабар мегираму бармегардам» гуфт дар дил ва ба идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» рафт.

– Мо ба кадрҳои ҷавон ниёз дорем, – гуфт сармуҳаррир Шавкат Ниёзов. – Шумо деҳа намеравед. Дар рӯзнома кор мекунед.

Бекназар розӣ шуд. Ин соли 1974 буд. Чанд муддат чун мусаҳҳеҳ ва ёвари мудири шуъбаи кишоварзӣ фаъолият намуд.

Азбаски худ аз ибтидо дар соҳаи маориф кор кардаву аз дарду ниёзи омӯзгорон то ҳадде воқиф буд, барои навиштани мақолаҳо дар бораи мактабу маориф таваҷҷуҳи бештар дошт. Пайваста ҷустуҷӯ ва худомӯзӣ мекард. Нашрияҳои махсуси соҳаи мактабу маориф, мақолаҳои вобаста ба таълиму тарбия, ҳаёти омӯзгоронро аз рӯзномаю маҷаллаҳо мехонд. Мехост навҷӯиву навгӯиҳо кунад. Қолабҳоро шиканад ва барои рӯзномахонҳо чизи тоза нависад. Бо ин мақсад, саҳифаҳои махсус ташкил кард. Ҳамкориро бо муштариёни рӯзнома, бахусус, муаллим ва мураббиён бештару беҳтар намуд.

Рӯзе ҷонишини сармуҳаррир Муҳсин Умарзода ӯро назди худ хонда:

– Мебинам, ки доим китобу рӯзнома мехонед ва хеле мушоҳидакор ҳастед, – гуфт. – Ман аз ин хурсанд. Бо вуҷуди ин, мехоҳам ба навиштаҳои худ боэътибор бошед. Имзои худро ҳурмат кунед. Мақолаву матолиберо нависед, ки шавқовар, ҷолиб ва хонданӣ бошад. Беҳудагӯӣ накунед ва ҳеҷ гоҳ барои гонорар, ҳаққи қалам нанависед.

Бекназар Тӯйназаров ин гуфтаҳои устодро чун ҳалқа ба гӯш кард ва дар ин даргоҳ то синни бознишастагӣ, яъне то соли 2009 фидокоронаву таҳтидилона ифои вазифа намуд. Ин ҳама заҳмату меҳнат самари худро дод. Тӯли фаъолият ба комёбиҳои зиёд ноил гардид. Соли 1999 дар озмуни ҷумҳурии «Беҳтарин журналисти сол» ғолиб омад. Соҳиби медали «Шуҳрат» шуд.

Ӯ ҳаёту фаъолияти худро ба кори матбуоту эҷод бахшида, бо тахаллуси Бекназари Дарӣ очерк, эссе, ҳикоя, ҳаҷвия ва силсилаи резасухану андешаҳо навишт, ки он ҳама дар китобҳои «Бори дил» (1999)  ва «Дар кӯчаҳои шаҳр» (2011) гирдоварӣ шудаанд.

Бекназар Тӯйназар чун адиби варзида ва журналисти боистеъдод дар ҳавзаи адабии Ӯзбекистон мавқеи хоси худро дорад, дар навиштаҳои мавсуф аз зиндагии мардум, муносибати байниҳамдигарии одамон, шебу фарози умр, неку бади ҳаёт сухан меравад.

Ҳоло Бекназар Тӯйназар дар пойтахт бо ҳамсари вафодори худ – апаи Сатира дар иҳотаи фарзандон – Фаррух, Фозил, Зебо ва наберагон даврони пирӣ меронад.

Аз назари некбинонаи устоди мулоҳизакор ва дурандеш Бекназар Тӯйназар ишқ маънои зиндагист ва маҳз ишқ аст, ки ба дасти ӯ қалам додаву варо эҷодкор кардааст. Ва агар дар зиндагӣ ба комёбие расида бошад, ин аз баёни ҳақиқати зиндагист. Яъне, ҳамеша сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ гуфтаву навиштааст ва маҳз ҳамин тариқи кор ӯро ба орзуҳои дилаш, ба зиндагии хушбахтона ва пурсаодат расондааст.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: