ТАШРИФИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ МУТАРАҚҚӢ БА СУРХОНДАРЁ

Ба вилояти Сурхондарё сафирони кишварҳои Хитой, Олмон, Чехия, Қатар ва Аморати Муттаҳиди Араб бо сафари расмӣ ташриф фармуданд.

Сафирони давлатҳои мазкурро вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов, ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов ва намояндаи махсуси Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматулло Эргашев пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон сараввал бо фаъолияти Маркази савдои байналмилалии Тирмиз, ки дар Осиёи Миёна ягона аст, ошно гашта, аз он таассуроти нек бардоштанд.

Чунон ки иттило дода будем, ин минтақаи савдои озод, дар ҳудуди Айритоми ноҳияи Тирмиз, дар сарҳади Ӯзбекистон-Афғонистон ҷойгир буда, масоҳаташ 36 гектар аст ва қимати умумиаш 70 ҳазор долларро  ташкил мекунад. Меҳмонон дар ҳудуди Маркази савдои байналмилалӣ бо фаъолият ва шарту шароити меҳмонхона, бунгоҳи тиббӣ, мактаби бизнес, маркази хидматрасонӣ, маҷмӯаҳои савдо, тарабхонаҳо, хостел, корхонаҳои истеҳсолӣ ва маркази логистика, ки дар як сол 900 ҳазор тонна табодули маҳсулот менамояд, шинос гардиданд. Инчунин, пули Хайратонро, ки дар болои Амударёсту соҳилҳои Ӯзбекистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад, аз наздик тамошо намуданд.

Баъд аз ин сафирон бо Маркази логистикаи нақлиёти «Termez Cargo Centre», ки масоҳаташ қариб 50 гектарро ташкил мекунад, аз назар гузарониданд. Маркази логистикаи мазкур аз 4 амбори бузург, ки ҳар яке 6 ҳазор кв. метрро ташкил мекунад,  ҷамъ 1,5 ҳазор тонна маҳсулотро ғунҷоиш медиҳад. Логистикаи мазкур диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд ва дархости тавассути он интиқол додани маҳсулотҳои хешро арза доштанд.

Олим ПАНҶИЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: