Ба наздикӣ дар бахши воқеъ дар маҳаллаи «Тинчлик»-и поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Қарокӯл дар ҳамкорӣ бо мутахассисони пешқадами иттиҳодияи тиббии ноҳияи номбурда назорати амиқи тиббӣ гузаронида шуд.
Ба наздикӣ дар бахши воқеъ дар маҳаллаи «Тинчлик»-и поликлиникаи марказии бисёрсоҳаи ноҳияи Қарокӯл мутахассисони доираҳои маҳдуди бахши бухороии Маркази илмии кумаки таъҷилии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷарроҳ, ҷарроҳи рагҳои хунгузар, гинеколог, шикасту банд, дилшинос, духтури бачагон, асабшинос, ҷарроҳи асаб, офталмолог ва ғайра дар ҳамкорӣ бо мутахассисони пешқадами иттиҳодияи тиббии ноҳияи номбурда назорати амиқи тиббӣ гузаронида шуд.
Ба назорати тиббӣ беш аз 500 нафар аҳолии тамоми маҳаллаҳои ноҳия ҷалб карда шуд.
Ба шаҳрвандоне, ки аз назорати тиббӣ гузаштанд, варақаҳои тарғибкунанд аи тарзи ҳаёти солим пешниҳод ва ба 45 бемор табобати амбулаторӣ тавсия карда шуд. Ҳамчунин 16 навъи дорувори гуногун ройгон таҳсим гардид.