Мутахассисони соҳа, яъне олимони санъатшинос ва муаррихон бар онанд, ки ҳунари овозхонӣ ва навозандагӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Таълифоти анҷомдодаи устод Адаш Истад ва Аскаралӣ Раҷабов дар бораи Борбади Марвазӣ — «Сарнавишти хунёгар» ва осори доир ба «Шашмақом» таълифгардидаи олимони санъатшинос, собит менамоянд, ки ҳунари овозхонӣ ва навозандагӣ дар минтақаи мо беш аз 1500 сол таърих дорад.
Навиштаҳо аз он далолат медиҳанд, ки суруду мусиқӣ аниси деринаи халқҳои мост. Баъзеҳо бар онанд, ки оҳангҳои «Шашмақом» ҷиҳати давоӣ низ доранд ва Ибни Сино беморонро бо мусиқӣ даво мекардааст.
Воқеан, суруду мусиқии ҷаззоб қути рӯҳ аст. Бигирем, шумо андармони коред, монда шудаед. Ин ҳангом суруду оҳанги дилнишини овозхони асиле тавассути радио ё телевизион танин меандозад. Бовар дорам, ки рӯҳатон болида мегардад, ба неруятон нируи нав зам мешавад. Баръакс, агар суруду оҳанг бо ҳам мувофиқат накунанд, баҳра намебаред, дар худ кӯфтагиро ҳис мекунед...
Халқҳои тоҷику ӯзбек муштаракоти зиёди адабиву фарҳангӣ доранд, ки яке аз онҳо ҳунари овозхониву навозандагӣ мебошад. Дар байни ин ду халқ овозхонҳои асиле ҳастанд, ки бо иҷрои сурудҳои анъанавӣ хеле маҳбубият пайдо кардаанд. Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов, Домулло Ибод Ҳалимов, Ота Ҷалол, Содирхон Ҳофиз, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Комилҷон Отаниёзов, Фахриддин Умаров, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Зафар Нозимов, Одина Ҳошимов, Ҷӯрабек Муродов, Шералӣ Ҷӯраев, Нуқра Раҳматова, Муноҷот Йӯлчиева, Озодбек Назарбеков ... Ин руйхатро метавон идома дод.
Дар баробари ин, чеҳраҳои ҳунариеро медонем, ки дар бахши сурудҳои попу эстрада дар ду ҷумҳурӣ шинохта шудаанд. Ботир ва Фаррух Зокировҳо, Наргис Бойхонова, Аҳмад Бобоқулов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Далер Назаров, Мағфират Ҳамроқулова, Хурмо Ширинова, Муқаддас Набиева, Кароматулло Қурбонов, Юлдуз Усмонова... аз он ҷумлаанд.
Бо иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар — Ӯзбекистону Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти қавииродаи Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дари ба рӯйи ду халқ пӯшидаи робитаҳо боз гардид, дар минтақа беш аз 40 миллион нафар нафаси сабук кашиданд. Бо назардошти хидматҳояшон, бисёр ҳунарпешагони ӯзбеку тоҷик ба унвони Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сазовор дониста шуданд. Инак, ҳоло робитаҳои фарҳангиву иқтисодӣ беш аз пеш таҳким меёбад.
Панҷ-шаш сол қабл, бар асари сардии муносибатҳо, ҳарчанд мехостанд, овозхонҳои мо суруди тоҷикӣ намехонданд. Ҳоло онҳо бо камоли майл суруди тоҷикӣ мехонанд. Вақте Шералӣ Ҷӯраев (Худо раҳмат кунад) ва Озодбек Назарбеков сурудҳои маънидори тоҷикӣ мехонанд, ё овозхони камназир Ҷӯрабек Муродов суруди ӯзбекӣ мехонад, сомеъ як ҷаҳон ҳаловат мебарад. Чанде қабл дар иҷрои Озодбек Назарбеков суруди пурмаънии тоҷикиеро зери номи «Ватандорӣ» шунида, хеле баҳра бурдам. Озодбек вожаҳои сурудро равшан талаффуз мекард ва ин имкон медод, ки маънӣ вориди мағзи сомеъ гардад. Ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова низ суруди тоҷикӣ мехонад. Вале аз хониши ӯ чандон хушам наомад. Чунин ба назар мерасад, ки ӯ маънои сурудро қурбони оҳанг месозад...
Артисти халқии СССР, сарояндаи сурудҳои классикию халқӣ Ҷӯрабек Муродов, бар он аст, ки маърифати баланди сурудинтихобкунӣ, ҳазми муҳтавои суруд ва талаффузи равшани вожаҳо овозхонро комёб мегардонад. Инак, аз китоби шоири саршиноси Доғистон Расул Ғамзатов — «Доғистони ман» иқтибосе дар ин хусус:
«Дар Махачқалъа як ҳофизи авар ҳаст. Номашро ин ҷо намеорам: худаш аздусар пай мебарад, ба ману шумо номаш чӣ фарқ дорад? Ин ҳофиз ба назди падарам бисёр омада, хоҳиш менамуд, ки ба оҳанги бофтаи ӯ падарам шеър нависад. Падарам розӣ мешуд ва сурудҳои хубе мебаромад.
Рӯзе чой нӯшида менишастем, ки радио эълон кард: ҳозир ҳофизи машҳур суруди ба матни Ғамзат Садаса офаридаашро мехонад. Ҳама гӯш дода нишастем, падарам ҳам. Аммо сурудро шунида, торафт бештар ҳайрон мешудем. Ҳофиз тарзе мехонд, ки ягон калимаро сарфаҳм рафтан мумкин набуд. Ба гӯш фақат ғиреву ғавғое мерасид, ҳофиз суханҳоро фурӯ мебурд, чунон ки хурӯс аввал донаҳоро тит мекунаду баъд якто-якто чида мехӯрад.
Падарам ҳангоми вохӯрданаш бо он ҳофиз пурсидааст, ки чаро шеърро вайрон мехонад?
— Барои он ки, — ҷавоб додааст ҳофиз, — дигарон чизе нафаҳманд ва ба ёдашон намонад. Агар ин суруд дар ёди ҳофизони дигари кӯҳистон монад, онҳо ҳам мехонанд. Ман мехоҳам, ки танҳо худам хонам».
Ин иқтибосро барои он овардем, ки ҳоло дар байни ҳунарпешаҳои мо низ чунин овозхонҳо ёфт мешаванд. Албатта онҳо мисли ҳофизи авар, ба хотири танҳо худашон хондан, ин корро намекунанд. Вале ҳангоми хондани суруде калимаҳоро хоида-хоида ё нохоида фурӯ мебаранд. Дар натиҷа маънӣ халалдор мегардад.
Агар дар ҳунари овозхонӣ пеши роҳи чунин ҳодисаҳои номатлуб сари вақт гирифта шавад, соҳа беш аз пеш рушд хоҳад кард.
А. СУБҲОНОВ.