ФЕСТИВАЛИ АСАЛ ДАР ДАВЛАТОБОД

Намангон боз ба як фестивали анъанавии байналхалқӣ мизбон шуд. Дар парки «Афсоналар водийси», ки дар ноҳияи Давлатобод ҷойгир шудааст, дар давоми се рӯз «Фестивали III байналхалқии асал» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ зиёда аз 250 нафар мутахассисони соҳа, ки аз вилоятҳои кишварамон, аз Қирғизистону Қазоқистон ва Русия омада буданд, асал ва маҳсулоти аз асал тайёршударо намоиш карданд.

Аз Қирғизистон, аз вилояти Ҷалолобод омадем, – гуфт яке аз иштироккунандаи фестивал Аҳмадҷон Мавлонов. – Се сол инҷониб дар фестивал иштирок дорам. Корҳои ташкилӣ, имконият ва шароитҳои фароҳамоварда ба ҳамаи иштироккунандагон ва меҳмонон писанд омад. Гуфтан мумкин аст, ки ин фестивал барои мо вазифаи майдони таҷрибаро низ иҷро мекунад. Бо ҳамдигар таҷриба меомӯзем, сохтани асбобу анҷомҳое, ки дар рафти кор лозим мешавад, омӯхта, дар амал истифода мебарем. Дар вилоятамон зиёда аз 200 нафар соҳибкорон бо парвариши занбӯри асал машғуланд ва 170 нафари онҳо узви «Иттиҳоди асалпарварон» мебошанд. Асалпарварони мо дар ин соҳа таҷрибаи бой доранд, лекин аз ҳамкасбони  намангонӣ низ ҷиҳатҳои хуби ноанъанавии соҳаро омӯхтанамон лозим.

Дар Намангон дар соҳаи экспорти асал низ натиҷаҳои хуб бисёранд. Маҳаллаи Гулободи ноҳияи Давлатобод ба ин соҳа ихтисосонида шудааст. Дар ин ҷо «Маркази асал» ташкил карда, барои асалпарварон шароит ва имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Аз маълумотҳо муайян мешавад, ки ҳоло аз тарафи 4590 нафар асалчӣ 348 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 4200 тонна маҳсулоти асал фурӯхтанд. Ба Қазоқистон 17280  оилаи занбӯри асал экспорт шуд.

– Ин касбу ҳунар ба ман мероси авлодӣ аст, – мегӯяд иштироккунандаи фестивал Бурҳонҷон Сатторов. – Бобокалонам Абдуқаюмота бо парвариши занбӯри асал машғул буданд. Мо – фарзандону набераҳо ёрдамчии бобоям будем. Ба бобоям ҳавас карда, ҳар як ҳаракаташонро аз назар мегузаронидам. Вақт гузашт, ин ҳаваси ман ба мақсад табдил гашт. Бо меҳру муҳаббат кор сар карда, мустақилона оилаи занбӯри асалро парвариш намудам. Натиҷа сол то сол афзуд. Ҳоло бо ду писару 8 набераам бо ин кори пурдаромад машғулем. Нафақат дар ҳудуди худамон, ҳатто дар вилоятҳои Сурхондарёю Ҷиззах ва дар шаҳрҳои Оренбург ва Самараи Русия низ оилаи занбӯри асал дорем.

Дар давоми 3 рӯз, дар доираи фестивал анҷуманҳои илмӣ-амалӣ, дарсҳои маҳорат, озмунҳои ҳавасмандони соҳа, мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд.

Дар фестивал тадбиркорони маҳаллӣ ва хориҷие, ки дар соҳа фаъолият мебаранд, бо ҳамдигар шартномаҳо имзо карданд. Хусусан, бо қирғизистониён солҳои 2025-2026 ба миқдори 8 миллион доллар аҳдномаи экспортӣ имзо карда шуд.

Фестивал барои ривоҷу равнақи соҳа ва мустаҳкамкунии муносибатҳои байни тадбиркорон аҳамияти калон дорад.

Бо иштироки ходимони маданияти вилоят консертҳои дилнишин ташкил карда шуд. Зиёда аз 50 нафар ғолибони фестивал аз тарафи ташкилотчиён бо тӯҳфаҳо рағбатонида шуданд.

Шоҳида ДАМИНОВА, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: