Дар шаҳри Душанбе дар байни собиқадорон чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардид.
Дар он қариб аз 20 мамлакати дунё беш аз 400 нафар самбочӣ ширкат варзиданд. Намояндагони Ӯзбекистон 13 медали арзиши гуногунро ба даст овардаанд, ки аз он 4 тилло, 1 нуқра ва 8 тоаш биринҷӣ аст.
Бахтиёр Ҳакимов (Самарқанд), Султон Исҳоқов (Навоӣ), Ихтиёр Муҳиддинов (Ҷиззах), Хайрулло Насруллоев (Бухоро) дар вазни худ ғолиб дониста шудаанд.
– Мусобиқаи пуршукӯҳи байналхалқӣ дар савияи баланд гузашт, – гуфт роҳбари дастаи яккачини мунтахаби Ӯзбекистон Ҷаъфар Ҷабборов, – аз рӯи нишондод ба ҷойи савум соҳиб шудем. Баромади вакили Самарқанд Бахтиёр Ҳакимов ба мухлисони самбо таассуроти калон гузошт. Зеро ӯ соҳиби унвонҳои гуногуни варзишӣ ва чемпионати ҷаҳон оид ба самбо буда, ҳоло мураббии наврасон дар ноҳияи Самарқанд аст.
Баҳодури ЗОҲИР,
Самарқанд.