Маълум аст, ки ин лоиҳа эътибори доимиро талаб мекунад ва чи хеле ки сарвари давлат гуфтааст: «Ин тадбири яксола нест».
Барои амалӣ сохтани лоиҳаи «Макони сабз» дар ноҳияи Рометан низ корҳои назаррас ба сомон мерасанд. Дар давоми даҳ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар ин ҷо бештар аз як миллион бех ниҳолҳои мевадору манзаравӣ шинонда шуд ва ин тадбир бо рӯҳбаландӣ идома меёбад. Ба ин ҷараён тамоми маҳаллаҳои ноҳия, деҳаҳо, мактабҳо, муассисаҳои таълими томактабӣ, тиббӣ, фаъолона иштирок мекунанд.
Ба қарибӣ дар ноҳия бо иштироки Шӯрои хоҷагиҳои фермерӣ, деҳқонӣ, қитъаҳои наздиҳавлӣ ва ҳамкорони дигар дар асоси барномаи «Макони сабз» семинари аёнӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар ноҳия шумораи соҳибони қитъаҳои назди ҳавлӣ ба 33 ҳазорто расид. Киштзорҳои онҳо ба 3681 гектар расидааст.
Дар гирду атрофи ин қитъаҳо 123 ҳазору 556 ниҳоли мевадору манзаравӣ шинонда мешавад. Дар семинар намояндаи гурӯҳи кории ҷумҳурӣ М.Муҳаммадиев иштирок карда, ҷараёни корҳоро таҳлил намуд ва ба масъулон супоришҳо дод.
Дар ҷараёни семинар таҷрибаи соҳиби қитъаи наздиҳавлӣ аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қалъаичорбоғ» Ботир Бозоров омӯхта шуд ва бобати дар дигар маҳаллаҳо татбиқ намудани таҷрибаи вай қарори дахлдор қабул гардид.
Амрулло Авезов, мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.