Дар китобхонаи ба номи Адиб Собир Тирмизӣ бо иштироки устодони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз, донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикӣ ва фаъолони Маркази маданияти тоҷикони Сурхондарё таҳти мавзӯи «Шоир Адиб Собири Тирмизӣ ҳамеша дар ёди мост» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи филологияи тоҷик М.Қурбоналиева ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси Маркази маданияти тоҷикони Сурхондарё, олими тирмизишинос, дотсент Рамазон Абдуллоев дар мавзӯи «Нидое аз соҳили Ҷайҳун ё худ як назар ба ҳаёт ва эҷодиёти Адиб Собири Тирмизӣ» маърӯза намуда, маълумотҳои нав ба навро дар бораи Адиб Собири Тирмизӣ ва тадқиқотҳое, ки доир ба ҳаёту фаъолияти ӯ анҷом пазируфта шудааст, ба иштирокчиён нақл кард. Донишҷӯёни боистеъдод Ш. Сироҷов, З. Аҳмадҷонова, Р. Ҳамидова, Ш. Аҳророва, Ф. Аҳадова ашъори форсӣ-тоҷикии шоир ва шеърҳои ӯзбекии Адиб Собири Тирмизиро, ки аз ҷониби шоирон Чустӣ ва Ҷамол Камол тарҷума шудаанд, қироат намуданд. Донишҷӯён аз ҷониби ташкилкунандаи чорабинӣ Рамазон Абдуллоев бо китобҳои хотиравӣ низ сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир раиси Маркази маданияти тоҷикони Сурхондарё ба маъмурияти китобхонаи ба номи Адиб Собири Тирмизӣ изҳори миннатдорӣ намуда, якчанд китобро туҳфа намуд ва таъкид кард, ки мо бояд сафи китобхонҳоро рӯз аз рӯз бояд зиёда намоем. Зеро мутолиа ва омӯхтани мероси ғании бузургон вазифаи ҳаррӯзаи мо, бахусус ҷавонон мебошад.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.