ҶОДАИ ҲАМЕШАФАЪОЛ БО ИНФРАСОХТОРИ ҶОЛИБ ВА МАХСУС

Дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё нахустин бор ба сохтмони ҷодае азм намудаанд, ки дар як шабоназӯр 24 соат фаъол буда, дорои инфрасохтори ҷолиб ва махсусе мебошад.

Сохтмони ин роҳи ҳамешафаъол дар ҳоле ба нақша гирифта шуд, ки салоҳияти сайёҳии вилоят рӯз аз рӯз боло рафта, ба ин минтақа таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ беш аз пеш меафзояд. Мақсад аз сохтану ба истифода додани ин ҷода шароити боз ҳам хуб ва муҳити созгоре фароҳам овардан барои будубоши ҷаҳонгардони хориҷӣ ва сайёҳони дохилӣ аст. Интизор меравад, ки дар қади ин ҷода нуқтаҳои савдо, аз ҷумла савдои коло, намунаи дастранҷи ҳунармандон, маҳсулоти заргарӣ, тарабхонаҳо ва дигар масокини тафреҳии дилхушкунанда бунёд гарданд. Мувофиқи тарҳи пешакӣ бари ҷодаи ҳамешафаъол 12 метрро ташкил медиҳад ва дар ҳар ҷо қуттиҳои партов насб шуда, ҳалқаҳои сабзе низ сохта мешаванд, ки атрофи онҳоро дарахтони манзаравӣ, мевадиҳанда ва гулҳои рангоранг зинат медиҳанд. Курсӣ ва харакҳои гуногун низ гузошта мешаванд, ки хоҳишмандон нишаставу истироҳат кунанд.

Ҷодаи ҳамешафаъол роҳи байни ду маҳалла – «Чироқчӣ» ва «Чоштеппа»-ро ба ҳам васл месозад, ки дар ноҳияи Чироқчӣ маскани ба чашм намоён буда, таваҷҷуҳи меҳмонони ин минтақаро бештар ба худ мекашад. Барои сохтани ин ҷода 4,5 миллиард сӯм ихтисос дода шуд. Ҳокими ноҳия Файзулло Юсупов бо ҷамъи мутасаддиён ва соҳибкорони маҳаллӣ  ҷузъиёти тарҳи мазкурро муҳокима намуда, бонкҳои маҳаллиро вазифадор сохт, ки ба соҳибкорон кредитҳои имтиёзнок диҳанд.

Шариф Халил, хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: