Мувофиқи маълумоти Агентии статистика дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ба Ӯзбекистон 81,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади табобат омадаанд.
Ин нишондод нисбат ба даври мутаносиби соли гузашта 36,3 ҳазор нафар, яъне 80,2 фоиз афзудааст.
✅ Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон аз кишварҳои зерин шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои табобат ба Ӯзбекистон омаданд:
Тоҷикистон — 62 347 нафар;
Қазоқистон — 9 537 нафар;
Ҷумҳурии Қирғиз — 7 481 нафар;
Россия — 1 424 нафар;
Туркманистон — 727 нафар;
Туркия — 29 нафар;
Афғонистон — 23 нафар;
Украина — 16 нафар;
Озарбойҷон — 12 нафар;
ИМА — 12 нафар;
Дигар давлатҳо — 60 нафар.